Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕҲМОНХОНА

МЕҲМОНХОНА

mehmonkhonaМЕҲМОНХОНА, 1) биноест, ки ба роҳи истиқоматӣ муваққатии мусофирон ва меҳмонон хонаҳо дорад. Меҳмонхона дар замонҳои қадим пайдо шудааст. Дао асри миёна дар Европа вазифаи м.-ро ошхона, ҳавлӣ, майхона ва ғ, дар мамлакатҳои Шарқи Наздик, Осиёи Миёна, Закавказия корвонсарой (асрҳои 9—14) адо мекард. Дар Россия Меҳмонхона аз ҳавлие, ки барои меҳмон месохтанд, cap шудааст. Баробари вусъат ёфтани робитаю алоқаҳои иқтисодии байналхалқӣ ва туризм сохтмони Меҳмонхонаҳо зиёд мешавад. Меҳмонхонаҳо дар мамлакатҳои капиталистӣ моликияти шахсӣ буда, танҳо барои фоидабардорӣ сохта мешаванд. Дар СССР Меҳмонхона корхонаи хоҷагии коммуналӣ ё муассисаи тобеи корхона буда, барои қонеъ гардонидани талаботи маишии одамон пешбинӣ шудааст. Меҳмонхонаро дар шаҳрҳо, районҳо, курортҷойҳо ва ғ. месозанд. Меҳмонхона вобаста ба маҳалли воқеъ ва вазифааш отель, мотель, пансионат мешавад. Дар СССР қариб 6000 Меҳмонхона мавҷуд аст. Дар РСС Тоҷикистон ба ғайр аз Меҳмонхонаҳои тобеи муассисаҳо 46 Меҳмонхона барои 4298 кас вуҷуд дорад (1979). Калонтарини онҳо инҳоанд:

Меҳмонхонаи «Душанбе». «Тоҷикистон», «Душанбе», «Вахш», «Помир» (Душанбе), «Шарқ», «Ленинобод» (Ленинобод), «Кӯлоб» (Кӯлоб) ва ғ. 2) Хонаи меҳмоннишини ҳар ҳавлиро гӯянд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …