Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕХИКО

МЕХИКО

mekhikoМЕХИКО, шаҳр, пойтахти Мексика. Маркази иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании мамлакат. Дар ҷан. кӯҳсори Мексика, дар баландии 2240 м. воқеъ аст. Аҳолиаш 13,9 млн наф. (1977, бо атрофаш). Иқлимаш субтропикӣ.

Миёнаи янв. 11,6° С, июль моҳи гармтарин (апр.) 18° С. Миқдори боришоти солона 757 мм. П. п м. Оби нӯшокӣ ҳам аст. Зуд-зуд зилзила рӯй медиҳад. Мехико узели роҳи оҳанӣ ва роҳҳои шоссе, маркази калон роҳҳои ҳавоии байналхалқӣ. Корхонаҳои васли Қисмҳои автомобил, электротехникӣ, бофандагӣ, химия, хӯрокворӣ, металлургӣ, коркарди нефту газ дорад. Мехико яке аз марказҳои калонтарини савдои банки Америкаи Лотинӣ мебошад. Дар Мехико Университети миллии автономӣ, Ин-ти миллии политехникӣ, ун-ти коргарӣ, ун-ти занон, университетҳои Америка, Америкаи Иберия, Анауак, Университети Мехико, Мактаби олии инженерон, Консерваторияи миллӣ, Мактаби санъати театрӣ, мактабҳои хоҷагии қишлоқ, таърих ва антропология, тиб ва тандурустӣ, АФ ва дигар академияҳо, расадхона, 20 китобхонаи калон, 13 музей (аз он ҷумла музеи фауна ва флораи Мекика, музеи санъати муосир ва ғ.), театрхо, залҳои концертӣ мавҷуданд. Ёдгориҳои меъмориаш: калисои ҷомеъ (1563—1667), қасри миллӣ (1692—99), дайрҳо (асри 17), аҳроми қадима (нарио 450 то м.) ва ғ. Мехико дар ҷой ш. Теночтитлан, ки онро соли 1325 ацтекҳо сохта, с. 1521 испанҳо вайрон карда буданд, буньёд ёфтааст. Дертар пойтахти мустамликаи Испанияи Нав гардид. Аз 28 сентябри 1821 пойтахти Мексикаи мустақил.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …