Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕХАНИЦИЗМ

МЕХАНИЦИЗМ

mekhanicizmМЕХАНИЦИЗМ, методи яктарафаи маърифати олам, ки тамоми ҳодисаҳои табиию ҷамъиятиро аз ҳаракати механикӣ маънидод карданӣ мешавад. Имтидоди мантиқии ин ақида моҳиятан ба инкори гуногуншаклии ҳодисоти табиат ва ҷамъият оварда мерасонад.

Механицизм асрҳои 17—18, вақте ки механика ягона илми мутараққӣ буд, дар афкори илмию материалистӣ мақому нуфузи калон пайдо кард. Намояндагони классикии М. дар табиатшиносӣ Г. Галилей, И. Ньютон, П. С. Лаплас ва дар фалсафа Т. Гоббс, Ж. Ламетри, П. Гольбах эътироф шудаанд. Намояндагони номии Механицизм дар асри 19 Л. Бюхнер, К. Фохт, Я. Молешотт, Е. Дюринг буданд. Тадқиқи яктарафаю механистии ҳодисаҳои табиату ҷамъиятро Б. Спиноза, Г. В. Лейбниц, қисман Д. Дидро танқид кардаанд. Г. Гегель (истилоҳи «Механицизм» низ ба қалами ӯ мансуб аст) зимни таъбири диалектиконаи вазифа ва табиати тафаккур Механицизмро ҳамчун як методи аслан яктарафа, вале таърихан асосноки тафаккур бартараф («соқит») кард. Гегель «Механицизм»-ро танқид карда норасогиҳои онро умуман ба материализм низ нисбат медод. Гегель «… мехост бо сифати «механикӣ» материализмро паст занад. Аммо гап дар сари он аст, ки материализми аз тарафи Гегель танқидиву. да — материализми франсавии асри 18 —дар ҳақиқат ҳам сирф механики буд. (Энгельс Ф., ниг. Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., 2 изд., т. 20 с 568-09).

М. зинаи гузаштаи таърихи фалсафаи материалистӣ буда, ҳамагуна кӯшиши аз сари нав инкишоф додани он дар замони ҳозира аз назари илмӣ қадаме ба ақиб аст. Беасосии М. хусусан дар масъалаҳои тафаккур, шуур ва ҳастӣ зоҳир мешавад. Дар таъбири масъалаи мазкур Механицизм заминаи витализм, телеология ва идеализм мегардад.

Механицизм ҳамчун мавқеи фалсафӣ зуҳури методи метафизикии тафаккур аст, ки аз ӯҳдаи бартараф кардани зиддият баромада наметавонад. Ҳангоми бо ҷиҳатҳои мухталифи ашьё сару кор доштан Механицизм ҳамеша яке аз онҳоро ё ихтисор мекунад (мас., сифатро ба ивази миқдор) ва ё аз ҷиҳати дигар бартеру барҳақ медонад. Механицизм ҳаракатро на ҳамчун худҳаракатии материя, балки натиҷаи таъсири қувваи беруна ва аз ин рӯ материяро низ чун моддаи мурту беҳаракат мефаҳмад.

Материализми диалектикӣ дар зимни ҷамъбасти интиқодии маълумотҳои илмӣ собит намуд, ки ҳаракати механикӣ фақат як тараф, як ҷиҳати ҳаракати материя буда, дар силсилаи маротиби шаклҳои ҳаракат ҷои муайянро ишғол мекунад ва аз ин рӯ онро ягона асосу воситаи дониши табиату ҷамъият донистан хатост.

Ад.: Эвгельс Ф , Анти-Дюринг, Д., 1975; Гегель Г. В. Ф. Наука Логики, т. 1—3, М., 1970—72: Вислобоков А. Д., Марксистская диалектика и современный механицизм, М., 1962.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …