Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕХАНИКАИ БИНОКОРӢ

МЕХАНИКАИ БИНОКОРӢ

mekhanikai-binokoriМЕХАНИКАИ БИНОКОРӢ, илмест дар бораи принцип ва методҳои ҳисобу китоби мустаҳкамӣ, сахтӣ, устуворӣ ва лаппишҳои иншоот. Механикаи бинокорӣ асосан системаҳои милашакли ҳамвор, системаҳои фазоӣ, инчунин системаҳоеро меомӯзад, ки аз пластикаю ҷилдҳо иборатанд. Дар вақти хисобу китоби иншоот таъсироти гуногуне ба назар гирифта мешавад, ки асоситарини онҳо борҳои статикию динамикӣ ва тағйири ҳарорат мебошанд. Мақсади ҳисобу китоби муайян кардани шиддатҳои дохилие, ки дар элементҳои система пайдо мешаванд, муқаррар намудани кӯчиши нуқтаҳои алоҳидаи система ва ошкор кардани шартҳои устуворию лаппишҳои система мебошад. Мувофиқи натиҷаҳои ҳисобу китоб андозаҳои буриши элементҳой ҷудогонаи конструкция, ки кори боэътимоди иншоот ва сарфи минималии масолеҳро таъмин мекунад, муқаррар карда мешаванд. Назарияи ҳисобу китоб, ки Механикаи бинокорӣ кор карда мебарояд, ба методҳои механикаи назариявӣ, назарияҳои чандирӣ, пластикӣ ва лагзиш асос меёбад. Механикаи бинокорӣро баъзан назарияи иншоот ҳам меноманд. Номи пештараи Механикаи бинокорӣ— статикаи бинокорӣ — замине пайдо шуд, ки Механикаи бинокорӣ масъалаҳои Ҳисобу китоби динамикиш) (ниг. Динамикаи иншоот) дар бар намегирифт.

Асарҳои Ч К. Максвелл, А. Кастильяно (Италия), Д. И. Журавский ба ташаккули илми М. б. асос гузоштанд. Корҳои М. В. Остроградский, Ч Рэлей, А. Сен-Венан доир ба динамикаи иншоот, тадқиқоти Ф. С. Ясинский, С. П. Тимошенко, А. Н. Динник, Н. В. Корноухов ва ғ. оид ба методҳои ҳисобу китоби устувории иншоот аҳамияти калони илмию амалӣ доштанд. Дар инкишофи ҳамаи соҳаҳои Механикаи бинокорӣ олимони советӣ муваффациятҳои калон ба даст овардаанд. Тадқиқотҳои В. В. Болотин (доир ба назарияи боэътимодӣ ва методҳои статикӣ дар М. б), И. И. Гольденблат (доир ба динамикаи иншоот), А. Ф. Смирнов (доир ба устуворӣ ва лаппиши иншоот) ва ғ. ба масъалаҳои муҳими Механикаи бинокорӣ бахшида шудаанд.

Ад.: Спитко Н. К., Строительная механика, 2 над., М., 1972; Болотин

В. В., Гольденблат И. И., Смирнов А. Ф., Строительная механика, М., 1972.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …