Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ ШЕРДОР

МАДРАСАИ ШЕРДОР

МАДРАСАИ ШЕРДОР, ёдгории меъмории асри 17 дар Регистони Самарқанд. Солҳоои 1619—35 дар рӯбарӯи Мадрасаи Улуғбек сохта шуда, аз рӯи бандубаст ба он қаробат дорад. Нақшунигори кошӣ пештоқ бо тасвири офтоби нурафшон ва шери ба ғизол ҳамлавар (аз ин ҷост, ки Мадраса номи шердорро гирифтааст) ҷолиб аст. Гарчи намохон ҳар ду Мадраса якхелаанд, бандубасти дохили иморатҳо аз ҳам фарқ мекунанд.

Медресе Шердор

Ҳавлии чорсӯи онро чор айвони барҳаво иҳота кардааст. Ин айвонҳо бо нимгунбазҳои ба шарафаҳои сипаршакл такякунанда пӯшонда шудаанд. Кошиву хотамкориҳои Мадрасаи шердор аз ороишоти дигар ёдгориҳои ин давр гӯётару ҷузъҳои нақшунигораш ҳаҷман калонтар буда, бештар шаклҳои ҳандаесӣ ва муҳаббатӣ истифода шудаанд. Девори айвонҳо ҳама саросар бо кошӣ гулпарто шуда, ҷо-ҷо катибаҳои зебо сабт гардидаанд.

Девори қафои иморат дар ду кунҷаш ду гулдастаи паст дорад. Дар яке аз катибаҳо номи меъморони Мадраса — Абдулҷаббори Меъмор ва Муҳаммадаббоси Наққош сабт гардидаанд. Мадрасаи шердор дар муҳофязати давлат аст.
Ад.: Массон М. С., Регистан и его медресе, Ташкент, 1026; Пугаченкова Г. А.. Реипель Л. И.. История искусств Узбекистана, М., 1065.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …