Главная / Илм / МЕДНИК

МЕДНИК

nophotoМЕДНИК Григорий Львович (таваллуд 28. 9. 1924, ш. Одесса —12 8. 1982, Душанбе), фармаколог, доктори илмҳои тиб, проф., сартоксинологи РСС Тоҷикистон Медник факьи муолиҷавии Институти давлатии тиббии Одессаро хатм кардааст (1947). Аз соли 1953 аввал ассистент, баъд мудири ка­федрам фармако­логия ва котиби илмии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон. Медник муаллифи 65 асари илмӣ мебошад. Асарҳои ӯ ба масъалаҳои фармакологияи илтиҳоб ва методологияи тадқиқоти фармакологӣ бахшида шудаанд. Медник таъсири кортизон ва гормони адренокортикотронии (АКТГ) гипофизро ҳангоми илтиҳоб омӯхтааст; бо шогирдонаш оид баҳаъолияти зидди илтиҳобии кортизон, аспирин, пирамидон, дибазол, сулфаниламидҳо, токоферол, биғумал ва доруҳои диг. тадқиқот бурдааст. Медник бо медальҳо ва нишони «Аълочии нигаҳдории тандурустии РСС Тоҷикистон муко­фотонида шудааст.

Ас.: Влилние АКТГ. и кортизона на проникновение введённых в организм веществ в воспалительный очаг. «Проб­лемы эндокринологии и гормонотера­пии»» т. 5, М 5, 1959; Механизмы проти­вовоспалительного действия и их вы­яснение в эксперименте. Тезисы годич­ной (22) научной конференции Таджик­ского медицинского института, Д., 1973.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …