Маълумоти охирин

ЮНУЧҚА

ЮНУЧҚА, ришқа, рушқа (Medicago), як ҷинси гиёҳҳои яксола ё бисьёрсолаест аз оилаи лубиёиҳо. Пояаш сершох, баландиаш 70— 100 (баъзан 150) см. Баргаш дарозруяи себарга (аз 3 баргча иборат аст). Хушагулаш 15—20-гула. Мевааш асосан ғилофаки досшакл ё спиралшакл. Тухмаш гурдашакли гирда, зард ё зардтоби бур (вазни 1000 донааш 1,5—3,5 г). Бехи Ю. тиррешаи бақувват аст. Дар хок ба чуқурии бештар аз 5—10 м реша меронад.

rishka

Дар Европа, Осиё, Африка қариб 100 намуди Ю. меруяд. Дар СССР қариб 60 ва аз он ҷумла дар Тоҷикистон 10 намуди Ю. (7 намуди он яксола) месабзад.

Ю. хуроки хуби чорвост. Онро барои чарондани ҳайвонот, инчуннн тайёр кардани хасбеда, орди алаф, тарбеда, силос ва ғ. истифода мебаранд. Ҳама хурокиҳои аз Ю. тайёр кардашударо ҳайвонот, хуроки сабз ва орди алафро бошад, паррандаҳо хуб мехуранд. Хурокии аз Ю. тайёр Шуда 70—80% ҳазм мешавад. 100 кг баргу пояи сабзи Ю. баробари 21,7 воҳиди хуроки ва 4,1 кг протеини ҳозим аст. 1 кг Ю.-и хушк баробари 0,52 воҳиди хурокӣ буда, 136 г протеини ҳозим, 90 мг каротин, 14 г калций ва фосфору витаминҳои гуногуни зиёде дорад. Протеини ҳозими Ю. назар ба растаниҳои хушадор 2,5—3 баробар зиёд аст. Ватани Ю. Эрон, доманаи куҳ ва куҳҳои Осиёи Миёнаю Кавказ аст. Ю.-ро дар Осиёи Миёна тақр. 5 ҳаз. сол то м. мекоштанд. Тақр. 2—2,5 ҳаз. сол то м. онро ба Юнони Қадим, Рим ва Африкаи Шимолӣ оварданд. минбаъд дар Европа, Америкаи Шимолию Ҷанубӣ, Австралия маъмул шуд. Юнучқакорӣ дар ШМА, Аргентина ва Ҳиндустон вусъат ёфтааст. Дар СССР Ю.-ро асосан дар ноҳияҳои ҷануб мекоранд. Вай дар киштгардони пахтаи заминҳои обӣ аҳамияти калон дорад. -Ю. зироати муҳиммест, ки хокро ҳосилхез мегардонад. Дар решаи он лундачаҳои бактериявии азотандӯз ҳосил мешаванд. Баъд аз 2 соли кишт дар ҳар га замин то 18 т решаи Ю. боқӣ мемонад ва 250— 300 кг нитроген (азот) ғун мегардад. Дар шароити намию гармии кофӣ ҳосили фаровон медиҳад. Ю.-ро дар хокҳои ҳосилхези ноҳияҳои лалмикор 2—3 бор (аз ҳар га 60—90 ц хасбеда) ва дар заминҳои обӣ 4—7 маротиба (аз ҳар га 200—250 ц хасбеда) дарав мекунанд.

Дар шароити Тоҷикистон махсусан Ю.-и боғӣ ё мазруъ (М. Sa-Пуа, ниг. расм) хуб месабзад.

ДаР республика асосан навъҳои «Вахш 233». «Вахш 300» ва қисман «Тошкент 721»-ро мекоранд. Муҳлаи кишти Ю. ба навъи хок, шароити обу ҳаво ва минтақаи парвариш вобаста аст. Ю.-ро дар минтақаҳои Вахшу Кулоб миёнаи февр,— авв. март, дар заминҳои лалмии водии Ҳисору вил. Кулоб нимаи дуюми март.—авв. апр., дар гуруҳи р-нҳои Ғарм нимаи дуюми апр.— авв. май кишт мекунанд. Муҳлати хуби кишти тирамоҳии Ю. дар гуруҳи р-нҳои ҷанубӣ даҳаи дуюми сент.—авв. окт., дар вил. Ленинобод ва водии Ҳисор авв. сент. ох. даҳаи дуюми сент. мебошад. Тухми Ю.-ро асосан бо усули қатории яклухт (байни қаторҳо 8—15 см) дар чуқурии 1,5—2 см (ба ҳар га 16—18 кг) мекоранд. Ба ҳар га замини обӣ пеш аз шудгор 250—300 кг, дар заминҳои лалмӣ 120 —150 кг суперфосфат меандозанд. Ю.-ро барои хошок дар давраи ғунчабандӣ — ибтидои гулкунӣ, барои тухмӣ ҳангоми сиёҳтоб шудани 60— 75% ғилофакҳо медараванд. Дар к-зҳои «50-солагии СССР» (Шаҳртуз), «Маданият», «Роҳи Ленин» (Панҷ), ба номи В. И. Ленин (p-ни Турсунзода) ва ба номи Домулло Азизов (Хуҷанд) аз ҳар га юнучқазорҳои обӣ 110—150 ц хасбеда мегиранд. С. 1980 дар Тоҷикистон ба 152,6 ҳаз. га (93,8 ҳаз. га обӣ) Ю. киштанд.

Зараррасон ва касалиҳои Ю. Ба юнучқазор ганданафасаки юнучқа, баргхураки юнучқа (фитономус), тухмхурак (брухофагус), гулхураки юнучқа, тихпуси тухмхурак, кирми юнучқа, ширинча ва ғ. зарар мерасонанд. Ю. бештар ба касалиҳои доғзании барг, аскохитоз, гардзанӣ ва ғ. гирифтор мешавад. Чораҳои мубориза ва пешгирӣ: Ю.-м навро аз юнучқазори куҳна 500 м дуртар киштан, ба юнучқазор пестицидҳо ва фунгицид пошидан лозим аст. Ба ҳосили Ю. растаниҳои паразит (заҳрпечак) зарари калон расонда метавонанд. Барои пешгирии он юнучқазори зарардидаро то гул кардани заҳрпечак паст даравида нест мекунанд, заминро чуқур шудгор карда, гербицидҳо мепошанд.

Ад.: Люцерна, М., 1964.

Ҳ. Қаҳорова.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …