Маълумоти охирин

МЕДЕО

medeoМЕДЕО, яке аз калонтарин иншооти спортии ҷаҳон барои гузарондани мусобиқаҳои спортии зимистона. 12 км дуртар аз ш. Алмаато дар баландии 1691 м аз с. б. сохта шуда­аст (1972). Стадиони яхпӯш (яхи сунъӣ) асоси комплекси Медео буда, 10,5 ҳазор м2 вусъат дорад. Майдони яхпӯши стадионро 3 пайраҳаи варзиши сабук, ки барашон 5 м мебо­шад, фаро мегирад; дарозии 2-тои онҳо 400 м буда, барои конькибозон ва пайраҳаи сеюм (дохилӣ) барои маищҳои тайёрии варзишгарон аст. Майдони стадион барои машқу мусобиқаҳои рақси рӯи ях ва яхмолакбозии оммавӣ истифода меша­вад. Медео барои 10,5 ҳаз. тамошобин ҷои нишаст дорад. Дар таҳти минбарҳои стадион зиёда аз 200 хона, аз ҷумла поликлиника барои варзишгарон, зали кино, зали спортӣ, ҳуҷраҳои тренерон, кабинаҳои алоқаи телефони байнишаҳрӣ, буфет, хонаҳои либоспӯшии варзишгарон ва ғ. мавҷуданд. Соли 1975 коллективи мутахассисон (лоиҳакашон ва бинокорон) барои сохтмони бинои Медео ла­уреати Мукофоти давлатии СССР гардид.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …