Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕДАЛИ ТИЛЛО

МЕДАЛИ ТИЛЛО

medali-tilloМЕДАЛИ ТИЛЛО «Барои муваффақиятҳои аъло дар таҳсил, меҳнат ва барои рафтори намунавӣ», хатмкунандагони мактаби миёнаи маълумо­ти умумӣ мукофотонида мешаванд. Дар СССР бо қарори СКХ-и СССР аз июни 1944 таъсис бфт. Аз рӯи Низомномаи 18 декабри 1968 тасдиқкардаи Совети Вазирони СССР ба Медали тилло хатмкунандагоне сазовор мегарданд, ки ҳангоми таҳсил дар синфҳои 9, 10, 11 аз ҳамаи фанхо баҳои солонаашон «5» бошад ва ҳамаи имтиҳоноти хатмкуниро бо баҳои аъло супоранд, рафторашон намунавӣ буда, дар корҳои ҷамъиятии мактаб фаъолона иштирок кунанд. Бо Медали тилло мукофотониданро шӯрои педагогӣ мактаб қарор намуда, онро органҳои дахлдори маориф тасдиқ мекунанд. Хатмкунандае, ки мактабро бо Медали тилло тамом кардааст, ҳангоми ба донишгоҳҳои олӣ дохил шудан баъзе ИМ; тиёзҳо дорад. Дар Россияи подшоҳӣ низ Медали тилло вуҷуд дошт, ки соли 1828 дар асоси «Устави гимназия» таъсис ёфта буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …