Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕДАЛЬҲОИ СССР

МЕДАЛЬҲОИ СССР

sssrМЕДАЛЬҲОИ СССР, мукофоти давлатӣ барои хизматҳои махсус (дар баробари орденхо ва унвонҳои фахрии СССР). Мувофиқи Конституцияи СССР (1977; мод. 121, п. «9») ҳуқуқи таъсиси Медалҳои СССР ва мукофотонидан бо онҳо ба Президиуми Совети Олии СССР тааллуқ дорад. Дар баробари таъсиси ҳар як даль Президиуми Совети Олии СССР доир ба сохт ва тасвири он низомнома тасдиқ мекунад. Дар низомнома тартиби мукофотонидан ва овехтани медаль баён ёфтааст. Тартиби умумии бо Медалҳои СССР мукофотонидан низ бо Укази Президиуми Совети Олин СССР аз 11 феврали 1958 «Оид ба тартиби мукофотонидан бо орде­ну медалҳои СССР» («Ведомостьҳои Совети Олии СССР», 1958, мод. 87) ба низом дароварда шудааст.

Дар СССР (то 1 июня 1979) 54 медал таъсис шудааст. «Ситораи тилло» — нишони фарқкунандаи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ; «Дос ва Болға» — нишони фарқкунандаи Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ. «Барои шуҷоат» (17 октябри 1938); медали Ушаков (3 марти 1944); «Барои хизматҳои ҷангӣ» (17 окт. 1938); «Барои хизмати шоиста дар муҳофизати, сарҳади давлатии СССР» -и З июли 1950); «Барои хизмати аъло дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ» (1 ноябри 1950), медали Нахимов (3 марти 1944); «ХХ-солагии Армияи Сурхи Коргару Деҳқон» (24 янв. 1938); «Барои шуҷоати меҳнатӣ» (27 декабри 1938); «Барои меҳнати шоён» (27 декабри 1938); «Барои меҳнати шуҷоатнок» («Барои шуҷоати ҳарбӣ»). Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Ильич Ленин» (5 ноябри 1969); «Барои шуҷоат дар сӯхтор» (31 октябри 1959); Барои наҷоти ғаркшудагон» (16 феврали 1957); «Ба партизан» Ҷанги ватанӣ» (дараҷаҳои 1 ва 2; 2 феврали 1943); «Барои мудофиаи Ленинград» (22 декабри 1942); «Барои мудофиаи Москва» (1 ман 1944); «Барои мудофиаи Одесса» (22 декабри 1942); «Барои мудофиаи Севастополь» (22 декабри 1942); «Барои мудофиаи Сталинград» (22 декабри 1942); «Барои мудофиаи Киев» (21 июни 1961); «Барои мудофиаи Кавказ»  (1 маи 1944); «Барои мудофиаи Қутби Шимоли Советӣ» (5 декабр 1944); «Барои ғалаба бвр Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—45» (9 май 1945); «Бистсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945» (7 май 1965): «Барои ғалаба бар Япония» (30 сентябри 1945); «Барои ишғол кардани Будапешт» (9 июни 1945); «Барои ишғол кардани Кёнигсберг» (9 июни 1945); «Барои ишғол кардани Вена» (9 июни 1945); «Барои ишғол кардани Берлин» (9 июни 1945); «Барои озод кардани Белград» (9 июни 1945); «Барои озод кардани Варшава» (9 июни 1945); «Барои озод кардани Прага» (9 июни 1945); (Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941— 1945» (6 июни 1945); «Барои барқарор кардани керхонаҳои металлургияи сиёҳи Ҷануб» (18 май 1948); «Барои барқарор кардани конҳои ангишти Донбасс» (10 сентябри 1947); «Барои аз худ кардани заминҳои навкорам» (20 октябри 1956); «Ба хотираи 800-солагии Москва» (20 сентябри 1947); «Ба хотираи 250-солагии Ленинград» (16 май 1957); «30-солагии Армия ва Флоти Советӣ» (22 феврали 1948); «40-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» (18 декабри 1957); «50-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» (10 декабри 1967); «50-солагии Милицияи Советӣ» (20 ноябри 1967); «Медали модарӣ» (дараҷаи 1 ва 2; 8 июли 1944); «Ветерани меҳнат» (18 январи 1974); «Барои адои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» (дараҷаҳои 1, 2, 3; 28 октябр 1974); «Барои адои шоистаи хизмати ҳарбӣ» (дараҷаҳои 1, 2; 28 октябри 1974J; медали юбелеии «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945» (25 апрели 1975); «Ветерани Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» (20 май 1976); «Барои сохтмони магистрали Байкалу Амур» (8 октябри 1976); «Барои дигаргун сохтани Минтақаи ғайрисиёҳзамини РСФСР» (30 сентябр 1977); «Барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва тараққӣ додани комплекси нефту гази Сибири Ғapбӣ» (28 июли 1978); медали рӯистолии хотиравӣ «Ба шарафи 25-солагии cap шудани фатҳи заминҳои бекорхобида» (15 марти 1979); «Барои мустаҳкам кардани ҳамкории ҷанговарона» (25 май 1979).

Мувофиқи ваколати Президиуми Совети Олии СССР ва аз номи вай кори бо баъзе медалҳо мукофотониданро Президиумҳои Совети Олии республикаҳои иттифоқӣ ва автономӣ, комиҷроияҳои кишварӣ, вилоятӣ, Совети депутатҳои халқии шаҳрӣ ба ҷо меоранд. Медали «Барои хизмати шоиста дар муҳофизати сарҳади давлатии СССР»-ро бошад, раиси Комитети бехатарии СССР месупорад. Медалҳо ба мукофотонидашудагон, чун қоида, дар комиҷроияҳои Совети депутатҳои халқии шаҳрӣ ва районӣ супорида мешаванд. Медаль ба либос тавассути бандиначаи махсуси панҷгӯша, ки бо лентаи шоҳии ғафси мавҷдор рӯйкаш шудааст, часпонида мешавад (ранги вай дар низомномаи медали мазкур муқаррар гардида аст). Медали «Ситоран Тилло» ва медали тиллоии «Дос ва Болға» тавассути бандиначаи росткунҷа (ҳаҷмаш 19.5X15 мм), ки бо лентаи шоҳии ғафси мавҷдор рӯйкаш шудааст ва «Медали модарӣ» тавассути бандиначаи металлии бантмонанди сирдор, ки дар байнаш пластинкаи пурнақши зарҳалии дорад, ба либос овехта мешавад. Медалҳо аз тарафи чапи сандуқи сина (баъди орденҳо) медальҳои «Ситораи Тилло» ва медали тиллоии «Дос ва Болға» болотар аз орденҳо ва медальҳои дигар овехта мешаванд. «Медали модарӣ»-и дараҷаи 1 ва 2 чаптари орденҳо ва медальҳои диг. 6 поёнтар аз онҳо овехта мешавад. Ба ҷои М. СССР лентаи рамзи онҳорб овехтан мумкин аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …