Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕЧНИКОВ Илья Ильич

МЕЧНИКОВ Илья Ильич

mechnikovМЕЧНИКОВ Илья Ильич (15. 5. 1845, деҳаи Ивановка, ҳозира р-ни Купяиски вил. Харьков — 15. 7. 1916, Париж), биологи рус, яке аз асосгузорони патологияи муқоисавӣ, микробиология ва эмбриологияи эволюционӣ. Аъзои фахрии АФ Петербург (1902).

Университети Харьковро (1864) хатм кардааст. Солҳои 1870—82 проф. Университети Новороссийск дар Одесса (ҳоло Университети давлатии Одесса ба нами И. И. Мечников). Соли 1886 бо ҳамроҳии Н. Ф. Гамалея якумин ст. бактериологии русро барои мубориза бо бемориҳои сироятӣ ташкил кард. С. 1887 ба Париж омада, дар Институти Л. Пастер кор кард. Бо ҳамроҳии А. О. Ковалевский қонуниятҳои умумии инкишофи ҳайвонҳои бемӯҳра ва мӯҳрадорро муайян намуда ба эмбриологияи эволюционӣ асос гузошт. Назарияи пайдоиши ҳайвоноти бисёрҳуҷайраро кашф кард. Соли 1882 ҳодисаи фатоцитозро ошкор кард ва дар асоси он натологияи муқоисавии илтиҳоб (1892) ва назарияи фагоцитарии иммунитет (масуният)-ро кашф кард. Мечников масъалаи пиршавиро солҳои дароз тадқиқ карда ба хулосае омад, ки пирӣ ва марги одам дар натиҷаи бо микробҳо ва дигар заҳрҳо худзаҳролудшавии организм ба амал меояд. Дар асоси ин ақидаи илмӣ як қатор воситаҳои пешгирии худзаҳролудшавии организмро пешниҳод намуд (стерилизация кардани хӯрок, нам хӯрдани гӯшт, истеъмоли ширу ҷурғот ва ғ.). Дар асарҳояш масъалаҳои илму фалсафаро низ муҳокима ва мулоҳиза кардааст. Лауреати Мукофоти нобелӣ (1908, якҷоя бо П. Эрлих).

Ас.: Набранные биологические произведения. М., 1950; Академическое собрание сочинений, т. 1—16, М., 1950—64.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …