Маълумоти охирин

Мазор

МА3ОР (арабӣ —қабр, гӯр), ҷои мӯътабареро гӯянд, кн ба ақидаи аҳли дин муқаддас ва мӯъҷизаовар шинохта шудааст. Дарки нодурусти ашёву ҳодисаҳои табиат, сабаби пайдоиши Мазор гардидааст. Ҳомиёни дин барои афзудани таъсиру нуфузи аҳкоми дин сангу кӯҳ, чашмаю кӯл, дарахту бутта ва қабрҳои муқаррариро ҳамчун мӯъҷпза нишон медиҳанд ва ба онҳо хислати наҷотдиҳию шифобахшӣ ва мушкилкушоию бахтатокуниро нисбат медиҳанд.

mazor

Динҳои ибтидои фетишизм, анимизм, инчунин парастиши табиату аҷдодпарастӣ заминаҳои пайдоиши Мазорҳо мебошанд.

Ад.: Басилов В. Н.. Культ святых в исламе, М., 1970; Мавлютов Р. М., Ислам, М., 1973.      В. Исматов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …