Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАЗҲАКАИ МУСИҚӢ

МАЗҲАКАИ МУСИҚӢ

МАЗҲАКАИ МУСИҚӢ, оперетта ва аcapҳoи саҳнавии мусиқие, ки дар заминаи мазҳака эҷод шудаанд (опера — буфф, зингшпиль, водевиль ва г.). Мазҳакаи мусиқӣ ҳамчун жанри мустақил дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 ба вуҷуд омад. Дар Мазҳакаи мусиқӣ сурудҳои гуногуни лирикӣ, халқӣ ва эстрадӣ, инчунин рақсҳои оммавиро истифода мебаранд. Мавзӯи Мазҳакаи мусиқӣ гуногун буда, сюжстҳои лирикӣ — оммавӣ, афсонавӣ, таърихӣ, қаҳрамонию романтикиро дар бар мегирад. Мазҳакаи мусиқӣи советӣ дар заминаи истифодаи анъана ва воситаҳои ифодаи мазҳакаи халқӣ, фарс, водевиль, опереттаи классикии Ғapб инкишоф ёфт.

maxresdefault

Ба ин «Дар соҳили Амур», «Нозанини ман»-и Б. А. Александров, «Хаёлпарастон», «Вальси Севастополь»-и К. Я Листов, «Ярмаркаи Сорочинск», «Тӯй дар Малиновка»-и А. П. Рябов, «Ромео хамсояи ман»-и P. Ҳоҷиев ва ғ. мисол шуда метавонанд. Мазҳакаи мусиқии тоҷик дар асри таъсири Мазҳакаи мусиқии рус, озар ва анъанаҳои халқӣ тавлид ёфтааст. Унсурҳои Мазҳакаи мусиқӣ дар намоишҳои театрӣ ҳаваскорию таш-виқотии солҳои 20 мушоҳида мегарданд. Ин унсурҳо (сурудҳои яккаса ва дукасаи лирикӣ ё ҳаҷвӣ, рақсҳои шодиовар) дар мазҳакаҳои «Дар таги пӯстак»-и М. Юсуфбеков (мусиқии Б. Наҷмиддниов, 1933), «Зани 90-ум»-и Р. Ҷалил (мусиқии Н. Азимов ва К. А. Медведев, 1940), «Муаллими ишқ»-и М. Миршакар (мусиқии 3. Шаҳидӣ, 1945), «Шаби 28-ум»-и Ҷ. Икромӣ (мусиқии 3. Шаҳидӣ, 1945). «Чинори гӯё»-и С. Сангмуродов ва Б. Раҳимзода (мусиқии Е. Сабзанов, 1950), «Тӯй»-и С. Ғанӣ (мусиқии Ф, Солиев, 1958) ва ғ. истифода шудаанд.

Нахустин Мазҳакаи мусиқии тоҷик «Розия»-ро (1940) бастакорон С. А. Баласанян ва 3. Шаҳидӣ, драманависон Е. Ёқубҷонов ва Н. Зелеранский таълиф намудаанд. Баъдтар дар сиаҳнаи театри Ленинобод мазҳакаҳои мусиқии «Интихоби домод»-и Содиқ (мусиқити О. Назаров, 1965), «Гавҳари шабчароғ»-и С. Улуғзода (мусиқии А. Муҳаммадов, 1966), «Арӯси гулбӯй, домоди хушбӯй»-и А. Сидқӣ (мусиқии Ё. Сабзанов, 1968) ва диарон намоиш дода шудаанд.

Н. Нурҷонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …