Маълумоти охирин

Мазҳака

МАЗҲАКА, музҳика (арабӣ—мазоҳ, мазоқ, ҳазл, шӯхӣ, мутоиба), як навъи ҷинси драма.  Ба забони руссӣ мазҳакаро «Шутка, Забава ё худ Комедия» меноманд.  Мазҳака гӯё ба ҳодисаҳои тасодуфӣ асос ёфта, ихтилофҳо бо ёрии низоъҳои сюжет ошкор мегарданд. Хулқу атвори персонажҳои Мазҳака ба мисли фоҷиа ва драма инкишоф ва тағиир намёбанд. Моҳияти персонажи мазҳаквӣ низ дар ҳамин аст. Мазҳакавияти образҳои Мазҳака дар номувофиқии даъвои персонажҳо бо вазъияти воқеӣ зуҳур мекунад; персонаж зоҳиран даъвои бузургӣ дорад, вале асли рафтору кирдораш пучу бемаънист. Ҳамин тазоди бузургии зоҳирию ночизии мақсадҳо хандаовар буда, моҳияти иҷтимоии Мазҳакаро муайян менамояд. Зимни рафтору кирдори шӯхиомези қаҳрамонони Мазҳака ҳодисаҳои кӯҳна ва манфии ҳаёти иҷтимоӣ масхара мешаванд.

Ҷаноби Бин
Сурати Ҷаноби Бин – Мазҳакачии шинохтаи дунявӣ

Азбаски дар Мазҳакакаи инкишофи характерҳо, балки хулқу одоб чизи асос нест, пас бояд лаҳзаҳо хеле намоён ва барҷаста бошанд. Дар ин шакли Мазҳака тасвирҳон муболиғавию мароқомез роли калон мебозанд. Муболиға, асосан, дар ихтилофҳои хандаовари байни қаҳрамонон ба дараҷаи баланд мерасад. Одатан персонажи Мазҳака ба номуродиҳои зиёде дучор ояд ҳам, рӯҳафтода намешавад. Тамошобин ҳам нисбат ба вай ҳамдардӣ нахоҳад кард, Мазҳака маъмулан анҷоми ғамангез надорад. Ба Мазҳака, ҳамчун, навъи адабӣ, Аристофан асос гузоштааст. Дар Мазҳакаи Юнони Қадим суруд ва рақсҳои карнавалӣ мавқеи намоён доштанд. Мазҳака дар мамлакатҳои Аврупо то замони паи сайри таърихии дуру дарозоро аз cap гузаронид. Фарқи Мазҳака аз дигар навъҳои драма он аст, ки ҳамеша бо замона сахт алоқаманд буда, ахлоқ ва завқи давраро хуб инъикос менамояд.

Дар адабиёти классикии рус Мазҳака бештар тобишҳои ҳаҷвии иҷтимоӣ гирифта, бо ҳаёти халқ алоқаи мустаҳкам дошт. Дар адабиёти советӣ Мазҳака майлҳи ҳазлу шӯхӣ пайдо кард. Он махсусан пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар адабиёти советии тоҷик ривоҷ ёфт. Қариб ҳамаи нависандагони тоҷик Мазҳака навиштаанд. «Ҷӯяндагон» ва «Гавҳари шабчароғ»-и С. Улуғзода, «Ситора» («Ман — Фахриддннов»)-и Ҷ. Икромӣ, «Интихоби домод»-и Содиқ, «Мужда»-и А. Баҳорӣ ва ғ. Намунаи он Мазҳака мебошанд. Барои инкишофи Мазҳака дар саҳнаи театри тоҷик роли тарҷума ва намоиши беҳтарин намунаҳои мазҳакаи ҷаҳон калон аст.

Ад.: Аристотель, Поэтика, М., 1957; История эстетики. Памятники мировой эстетической мысли, т. 2, М., 1964. X. Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …