Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Майёрова Мария

Майёрова Мария

МАЙЕРОВА (Majorova) Мария (1. 2. 1882, Ували, назди Прага —16. 1. 1967, Прага), нависандаи чех. Нависандаи Халқии Чехословакия (1947). Аъзои Партияи Коммунистии Чехословакия аз соли 1921. Аввалин асарҳои Майерова (романи «Духтарӣ», 1907; маҷмӯаи ҳикояҳо) пур аз эътироз нисбат ба сохти капиталистӣ мебошанд. Дар романи «Майдони Республика» (1914) вазъияти тезутунди Аврупои пас аз Револютсияи солҳои 1905—07 рус, дар романи «Беҳтарин аз ҷаҳонҳо» (1923) образи қаҳрамонзане, ки аз ҷаҳони майдабуржуазӣ дур гардида, ба революция роҳ ёфтааст, тасвир шудааст.

Пас аз навиштани романи тахайюлии «Сарбанд» (1932) Майерова кори бисёрсолаи худро дар таълифи «Ожир» (1935) — эпопеяе дар бораи ҳаракати коргарӣ дар Чехия аз миёнаҳои асри 19 то револютсияи Кабири Социлистӣ Октябрь анҷом дод. Романи Майерова «Балладаи шахтёрӣ» (1938) тадқиқоти бадеии тақдири фоҷиавии оилаи пролетарист. Пас аз озод шудани Чехословакия аз фашизм Майерова дар сохтмони социалистӣ ва мадании ватаиаш фаъолона иштирок кард.

Маҷмӯаи повестҳо ва ҳикояҳо, китобҳои очеркҳо («Роҳи раъду барқ», 1951; «Ғарби ваҳшӣ», 1954) пешрафти маънавии одами навро инъикос мекунанд. Очеркҳои ба СССР бахшидаи Майерова дар китоби «Пешравии пуршукӯҳ» (1953) ҷамъбаст шудаанд. Майерова яке аэ асосгузорони адабиёти реализми социалистии чех мебошад. Ӯ ҳамчун нависандаи бачаҳо (маҷмӯаи ҳикояҳои «Лаҳзаи аҷоиб», 1923; «Бруно», 1930; «Робинзонка», 1940) низ маълум аст. Лауреати Мукофоти давлатии ба номи К. Готвальд (1955).

Ое.: Площадь Республики — Лучший из миров. М., 1970.

Ад.: М. Майерова. Библиблиографический указатель, М., 1962.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …