Маълумоти охирин

Майна

МАЙНА (Acridotheres tristis), пapрандаест аз оилаи соч. Дарозии танаш қариб 25 см. Рангаш хокистари сиёҳтоб. Дар шикам ва аз дум парҳои сафед дорад. Асосан дар Осиёи Ҷанубӣ зиндагӣ мекард. Аввали асри 20 дар Осиёи Миёна, солхои 30 то Қазоқистони Ҷанубӣ паҳн шудааст. Ареали Майна торафт васеъ шуда истодааст. Майна дар ҷойҳои аҳолинишин дар зеҳн лаби бом, болои тиреза, ковокии дарахт, таркиши девор ва берун аз ҷойҳои аҳолинишин дар чуқурию ҷариҳои оббурда, таркиши харсангҳо ва ғ. лона месозад.

Расми Майна (Паррана)
Расми Майна (Паррана)

Дар кӯҳҳо то баландии 2500 метр аз соҳили баҳр зиндагӣ мекунад. Дар тобистон 2—3 маротиба лона сохта, 4—6 тогӣ тухм мегузорад. Майна паррандаи пурхур аст. Baй ҳашароти гуногуни зараррасони хоҷагии қишлоқро мехӯрад. Майнаро аксар дар қафас нигоҳ медоранд, чунки паррандаҳои ҷавон барои ёд гирифтани баъзе калимаҳо қобилият доранд.

Адабиёт.: Абдусаломов И. А., Фауна Таджикской ССР, т. 19, ч. 1, Птицы. Д., 1971. И. А. Абдусаломов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …