Маълумоти охирин

Маймонид

МАЙМОНИД (Maimonides; номаш Мӯсо ибни Маймун) Санаи 30.3.1135 дар Қурдоб таваллуд шуда 13.12.1204 дар Фустат, наздики Қоҳира вафот кардааст. Файласуф, илоҳиётшинос, табиби яҳудии асрҳои миёна ба шумор меравад. Аз сабаби яҳудиёнро таъқиб кардани Алмуваҳидиҳо соли 1148 Испанияро тарк карда аввал ба Марокаш, Фаластин баъд ба Миср (1165) омад. Соли 1190 дар Миср асари асосии фалсафиаш «Далолат-ул-хйрин»-ро ба забони арабӣ навишт. Ин асар баъдтар ба забони яҳудӣ ва лотинӣ тарҷума гардид (тарҷумаи русӣ дар китоби Григорян С. Н., «Из истории философии Средней Азии и Ирана 7—12 вв.», М., 1960).

Расми Маймонид
Расми Маймонид

Маймонид фалсафаи Арастуро дар тафсири мутафаккирони араб омухта мекӯшид, ки дини яҳудиро обуранги ақлони бидиҳад. Маймонид ғояҳои антропоморфии худоро рад карда, ба муқобили таълимоти Арасту оид ба абадӣ будани олам баромад ва таълимоти диниро дар бораи офараниши олам эътироф кард. Ба таълимоти динӣ дар бораи растохез ва ҷовидонии рӯҳ зид буд. Маймонид ба омӯхтани қонунияти табиат, илму фалсафа даъват намуд. Ӯ бисёр принсипҳои фалсафаи калом ва таълимоти мутакаллимонро танқид кардааст. Рӯҳониёни яҳудӣ бо ёрии инквизиция соли 1234 китобҳои Майманидро сӯзонда, худашро муртад эълон карданд. Асарҳои Майманид ба инкишофи схоластикаи асрҳои 13—15 ва фалсафаи яҳудии асрҳои 16—18 таъсири зиёд расондааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …