Маълумоти охирин
Главная / Илм / Максимум ва Минимум

Максимум ва Минимум

МАКСИМУМ  ВА МИНИМУМ (лот. maximum — калонтарин ва minimum— хурдтарин), бузургиҳои ҳудудӣ; қимати аз /Ту ҳама зиёд ва аз / ҳама ками бузургӣ дар шароити муайян; дараҷаи баландтарин ва пасттарин. Дар математика \қимати калонтарин ва хурдтарини функцияро нисбат ба қиматҳои он дар нуқтаҳои кофӣ наздик Максимум ва минимум меноманд. Функцияи /(х)-и дар ягон порчаи ададӣ муайяншуда дар нуқтаи х<> дорои максимум мебошад, агар чунин адади б > > 0 мавҷуд бошад, ки барои ҳамаи х, 0<|х—х0|<6 нобаробарии /(*)< </(х0) иҷро шавад; дар мавриди /(х) > /(хо) будан, функция дорои минимум аст.

Максимум ва Минимум

Агар f'(xo) — 0 ва /”(х0) < 0 бошад, функцияи /(х) дар нуқтаи х0 дорои максимум, агар f(х0) «О ва /”(хо) > 0 бошад, функция дорои минимум мебошад (дар расмҳо ва х2 — нуқтаҳои максимум, х\ ва х% — нуқтаҳои минимум).

Нуқтаҳои Максимум ва минимумро нуқтаҳои экстремум меноманд. Баъзан барои дар тамоми соҳаи муайянкунӣ фарқ намудани қиматҳои калонтарин ва хурдтарини функция Максимум ва минимумро нуқтаҳои локалӣ меноманд. Максимум ва минимуми функцияҳои бисьёртағйирёбанда низ ҳамин тавр муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …