Маълумоти охирин

МАВЗУН

nophotoМАВЗУН Мулло Муҳаммад Исои Бадахшонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 10 тоҷик. Дар Бухоро таҳсил карда, чанд соли ҳаёташро дар мадрасаи Кармина гузаронидааст. Бино ба маълумоти тазкираи Афзалмахдуми Пирмастӣ, бо дарбори амир Ҳайдар алоқа дошта, баъдтар ба дарбори беки Ҳисор Абдулкаримхон омадааст. Мавзун табъи расо дошта, бештар ғазалҳои ишқӣ месурудааст. Аз Мавзун асаре бо номи «Маснавии Мавзун» ва якчанд ғазал боқист. «Маснавии Мавзун» дорои сюжети муайян буда, аз ошиқ шудани Таҳмосии Хуҷандӣ ба малика Гулчеҳра ривоят мекунад. Дастхати асарҳои Мавзун дар Захираи дастхатҳои шарқии АФ РСС Тоҷикистон маҳфузанд.

Ад.: Каталог восточных рукописен Академии наук Таджикской ССР, т. IV, Д., 1070; Ҳабибов А., Ганҷи Бадахшон. Д., 1072.

Л. Ҳабибов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …