Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МАВРИТАНИЯ

МАВРИТАНИЯ

mauritaniaМАВРИТАНИЯ, Республикаи Исломии Мавритания (франс. Republigie Islamigie de Mauritania, ap. ), давлат дар Шимолу Ғарбии Африка. Дар Ғарб то соҳилҳои уқёнуси Атлантик, дар Шимол то сарҳадҳои Алҷазоир ва Саҳрои Кабири Мағриб, дар Шимол ва Ҷануб то сарҳадҳои Мали ва Сенегал паҳн шудааст. Масоҳати 1030,7 ҳазор км2. Аҳолиаш 1,59 млн нафар (1979). Пойтахташ ш. Нуакшот (аҳолиаш 140 ҳазор нафар, 1978). Аз ҷиҳати маъмурӣ Мавритания ба 8 район ва 1 округи пойтахтӣ тақсим шудааст.

Сохти давлатӣ. Мавритания— республика. Мувофиқи хартияи конституционӣ аз 10 январи 1980 тамоми ҳокимият дар дасти раиси Комитети ҳарбии наҷоти миллӣ (КХ.НМ). Органи қонунбарор — Маҷлиси миллӣ.

Табиат. Қисми зиёди терр. Мавританияро биёбонҳои регзору санглохи Саҳрои Кабири Мағриб ишрод кардаанд. Дар соҳили уқёнуси Атлантик пастиҳо, ҳамвориҳо ва ҷазираҳо бисьёранд. Рельефаш бештар аз ҳамвориҳои васеи паст ва пуштакӯҳҳои на он қадар баланд иборат аст. Дар Шимол баландии Адрар воқеъ аст (к. Амоазага, 732 м), дар Ҷануб пуштакӯҳҳои регзори Тагант, Асаба ва ғ. мавҷуданд (баландии миёна 300—400 м). Баландиҳо ва пуштакӯҳҳо бо биёбонҳо ва хомаҳои per иҳота шудаанд. Аз сарватҳои зеризаминӣ маъданҳои оҳан ва мис, вольфрам, намак мавҷуданд. Иқлимаш тропикии биёбонӣ. Ҳарорати миёнаи январи 16—20° С, июль 30— 32° С. Боришоти солона аз 100 мм камтар, дар Шимолу Шарқ тақрибан 50 мм. Ғайр аз д. Сенегал дигар обҳои райони доимӣ надорад, аз обҳои зеризаминӣ ва чашмаҳои камшумор истифода мебаранд. Дар ноҳияхои Мавритания растаниҳои хӯшадору буттагии биёбонӣ мерӯянд. Дар Ҷануб нимбиёбонҳое ҳастанд, ки дар онҳо буттаҳои хушкидӯст ва ақоқиё мерӯяд. Олами ҳайвоноти Мавритания аз намудҳои ба биёбонҳо хоси ҳайвонот бештар хазанда ва хояндаҳо, аз даррандаҳо— шағол, рӯбоҳ, шутурмурғҳо, сумдорҳо иборат аст. Дар обҳои назди соҳил моҳиҳои гуногун (сардина, тунец, мерлан ва ғ.) бисьёранд.

Аҳолӣ. Зиёда аз */« ҳиссаи сокинони тагҷоӣ арабҳои Саҳрои Кабири Мағриб (маврҳо) мебошанд. Як гурӯҳи на он қадар калони барбарҳо — эенегаҳо низ боқӣ мондаанд. Боқимонда мавританиҳо — халқҳои негроидӣ: тукулерҳо, волоф, фульбе (пель), сараколе, соннике ва ғ. Аз аҷнабиён асосан франсавиҳо зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — арабӣ ва франсавӣ. Дини расмӣ — ислом (сунниҳои малакутӣ). 85% аҳолӣ бо корҳои хоҷагии қишлоқ машғул аст, аз 3/ч ҳиссаи онҳо чорводорӣ нимкучманчӣ ва кучманчӣ мебошанд. Шаҳрҳои калонтарин: Нуакшот, Нуадибу, Чузрат, Росо, Атар.

Очерки таърихӣ. Дар асрҳои 7—11 қисми ҷанубӣ Мавритания ба ҳайати давлатҳои асримиёнагии Африкаи Ғарбӣ (Гана, Текрур) дохил буд, дар терр. Мавританияи Шимолӣ якчанд давлатчаҳои барбарҳо — санханҳо мавҷуд буданд. Дар асри 11 давлати тавоноӣ Алмораниҳо ба вуҷуд омад. Дар асарҳои 13—14 қисми ҷануби Мавритания ба давлати асримиёнагии Мали тобеъ буд. Дар асрҳои 14—15 қабилаҳои макили араб ба Мавритания зада даромаданд ва ин процесси мусулмон ва арабикунонии Мавританияро, ки дар асри 11 cap шуда буд, тезонд. Маркази асосии диви ва сиёсии Мавритания воҳаи Шингеттӣ шуд. Лaҳҷаи ҳасанини забони арабӣ васеъ паҳн гардид. Евроиоиҳо дар асри 15 ба Мавритания дохил шуданд. Португалиҳо ва испаниҳо барои баровардани ғуломони сиёҳ ва инчунин тиллою самти арабӣ дар соҳилҳои Мавритания истеҳкомҳо сохтанд. Бо онҳо голландиҳо, англисҳо ва Франсавиҳо рақобат доштанд. Европоиҳо дар соҳилҳои д. Сенегал муассисаҳои савдо сохтанд.

Аппаратҳои заводи ширинкунии оби баҳр дар шаҳри Нуакшот.

Мувофиқи Сулҳи Версаль (1783) соҳилҳои Мавритания дар зери таъсири Франция монда, мустамликакунии пуршиддат вусъат ёфт. Франсавиҳо соли 1903 дар замини қабилаҳои арабӣ трарза ва бракна, ки ба «терр. граждании Мавритания» дар доираи Африкаи Ғapбии Франция (АРФ) дохил шуда буд, протекторати худро барқаpop карданд. Соли 1909 қӯшунҳои Франция вилояти Адрар — такьягоҳи асосии мавританиҳоро забт карданд. Соли 1920 мамлакат дар хайати АРФ расман мустамликаи Франция эълон карда шуд. Аз ҳуқуқҳои оддитарин маҳрум кардани аҳолӣ, андозҳои вазнин, меҳнати маҷбурӣ боиси он шуд, ки мавританиҳо ба вилоятҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Рио-де-Оро, ки он ҷо қувваҳои Муқобилат ҷамъ мешуданд, гурезанд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мубориза барои озодӣ боз вусъат ёфт, аввалин партияҳои сиёсӣ ба вуҷуд омаданд: Иттифоқи Мавритания (ИМ, 1946) ва Иттифоқи прогрессивии Мавритания (ИПМ, 1947). Ҳукумати Франция маҷбур шуд, ки соли 1958 дар дохили Иттиҳоди Франция ба Мавритания автономия ва ҳуқуқӣ барпо намудани органҳои дохилии конституционӣ диҳад. 28 ноябри 1960 дар ш. Нуакшот Республикаи Исломии Мавританияи мустақил эълон карда шуд. Дар муборизаи тезу тунд барои ояндаи мамлакат ИМ ва ИПМ ба ҳам зид меистоданд: ИМ даъват мекард, ки Мавритания ба Марокаш ҳамроҳ карда шавад, ИПМ тарафдори он буд, ки Мавритания давлати мустақил эълон шуда, алоқаҳои зичи он бо Франция нигоҳ дошта шавад. Дар ин мубориза ИПМ ғолиб омад ва қисми асосии ИМ ба ҳам ҳамроҳ шуд; Партияи азнавсозии Мавритания (ПАМ) ташкил дода шуд (1958). Аз соли 1960 cap карда ПАМ барои мустаҳкам намудани роҳи тараққиёти мустақилонаи мамлакат тадбирҳо андешид. Конгресси ягонагии Мавритания, ки декабри 1961 барпо гашта буд, дар асоси ПАМ ҳамаи партияҳоро ба Партияи халқии Мавритания (ПХМ) муттаҳид намуд, ки вай партияи ягона ва ҳукмрони мамлакат гардид. Ҳукумати Мавритания ба барҳам додани русуми анъанавии пешвоҳо cap карда ислоҳоти маъмурӣ-территориявӣ гузаронд, баробарҳуқуқии занонро эълон кард ва ғ. Дар сиёсати беруниаш Мавритания принципҳои ҳамроҳ нашудан ба блокҳо, ҳамкорӣ бо ҳамаи мамлакатҳо ва дасттирии мубориза барои ягонагии мамлакатҳои араб ва африкоиро пеш мегирад. Соли 1973 Мавритания бо Франция доир ба ҳамкории иқтисодӣ ва маданӣ (ба ивази шартномаи соли 1961) шартнома баст, ки он Францияро аз як қатор имтиёзҳое, ки шартномаи соли 1961 пешбинӣ карда буд, маҳрум кард. Аъзои ТДМ (аз 1961), Ташкилоти ягонагии Африка, Ташкилоти азхудкунии ҳавзаи д. Сенегал ва Лигаи давлатҳои араб (аз 1973). Соли 1961 Иттифоқи Меҳнаткашони Мавритания таъсис гардид. Байни Мавритания ва Иттифоқи Советӣ соли 1964 муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, 1966 шартномаи савдо, 1967 шартнома оид ба ҳамкории маданӣ ва илмӣ, 1973 шартнома дар соҳаи моҳигирӣ, 1974 шартнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ имзо карда шуд.

Хоҷагӣ. Мавритания мамлакати аграрӣ буда, саноати маъданистеҳсолкуниаш рӯ ба тараққиёт. Асоси хоҷагии қишлоқдорӣ ва зироаткории экстенсивӣ ташкил медиҳад. Касбу ҳунарҳои анъанавӣ низ тараққӣ кардааид.

Комбинати маъдантозакунй дар ш. Акчавит.

Баъди ба даст оврдани истиқлолият сисати иқтисодии ҳукумат дар миёнаҳои чорсолаи 1-ум (1963—66) ва 2-юм (11)70—73) инъикос ёфт, ки он барои аз худ кардан ва истифода бурдани захираҳои табиӣ, ба вуҷуд овардани соҳаҳои нави саноат дар доираи секторҳои давлатӣ ва омехтаи саноатӣ маъданистсҳсолкунӣ (маъданҳои оҳан ва мис) ва саноати моҳигирӣ равона карда шуда буд. Соли 1976 татбиқи плани панҷсолаи тараққиёт (1976—80) оғоз ёфт. Зиёда аз 30% маҳсулоти умумии миллӣ аз ҳисоби чорводории кӯчманчӣ ва нимкӯчманчӣ аст. Майдони чарогоҳҳо — тақрибан 40 млн га. Дар соли 1978 1,2 млн cap гов, 7,5 млн cap гӯсфамду буз, 0,7 млн cap шутур, 180 ҳазор cap. хар мавҷуд буд. Маҳсулнокии чорво паст аст.

Майдони заминҳои кишт тақрибан 300 ҳазор га. Зироати асосии хоҷагии қишлоқ арзани африкоӣ ва чойҷуворӣ; дар ноҳияҳо хурмо мерӯяд. Инчунин ҷуворимакка, лубиё, батат, арахис (чормағзи заминӣ), шолӣ парвариш мекунанд. Дар соли 1977 тақрибан 30 ҳазор т ғалла, тақрибан 13 ҳазор т хурмо ҷамъоварӣ карда шуд. Масолеҳи анъанавии Мавритания— самти арабӣ (шилм). Аз д. Сенегал ва наздикии соҳилҳои баҳр моҳӣ мегиранд. Дар саноати маъдан мавқеи асосиро истеҳсоли маъдани оҳан ишғол мекунад (соли 1977 10,0 млн т). Соли 1975 ба истеҳсоли маъдан ширкати давлатии «Ширкати Мавритании коммлекси шимолии маъдани кӯҳӣ» («КОМИНОР»), ба истеҳсоли мис ширкати давлатии СОМИМА машғул буданд. Ширкати Францияю Мавритании СОМИРЕМА (ҳиссаи Мавритания— 20%) элементхои камёбро кор карда мебарорад. Дар Шим. намаксанг истеҳсол мекунанд. Комбинати коркарди моҳӣ, заводи қанд дар Нуакшот, нушимхона бо яхдони гӯштнигаҳдорӣ, заводи чарм, хӯрмокомсервакунӣ, дастгоҳ барои ширинкунии оби баҳр ва ғ. мавҷуд аст. Истеҳсоли қувваи электр — 93,4 млн кВт-с. (1973).

Дарозии роҳҳои автомобилгард 3,2 ҳазор км ва роҳи оҳан 652 км. Бандари асосии баҳри — Нуадибу. Аэропортҳои Нуакшот ва Нуадибу аҳамияти байналхалқӣ доранд. Маъдани оҳан, концентрати мис, маҳсулоти моҳӣ, самти арабиро ба хориҷа бароварда, аз хориҷа хӯрокворӣ, молҳои саноатӣ, маҳсулоти нефт ва ғ. оварда мешавад. Асосан бо Франция, Британияи Кабир, Италия, Япония савдо мекунад. Воҳиди пул— угия.

Маориф. Зиёда аз 95% аҳолии калонсол бесавод аст. Таълим ба тарзи франсавӣ мебошад. Мактаби ибтидоӣ 6-сола, мактаби миёна — 7-сола. Институти миллии ислом шиносӣ (таъсисаш 1961) маълумоти олии динӣ медиҳад. Дар давоми истиқлолияти Мавритания шумораи бачаҳои мактабҳои 3 маро

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …