Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МАВРИКИЯ

МАВРИКИЯ

mavrikiaМАВРИКИЯ (Mauritius), давлат дар ҷазираи Маврикий ва ҷазираҳои Родригес, Агалега ва галаҷазираи Каргадос — Карахос, дар қисми ғарбии уқёнуси Ҳинд. Масоҳатии 2045 км2 (аз он ҷумла ҷазираи Маврикий 1865 км2). Аҳолиаш 950 ҳазор нафар (1980). Пойтахташ Порт-Луи (аҳолиаш 150 ҳазор нафар, 1977). Аз ҷиҳати маъмурӣ терр. Маврикия ба 9 округ тақсим шудааст.

Маврикия — ҳокимияти мутлақан конституционӣ. Конституцияи ҷориаш 4 марти 1968 қабул шудааст. Сардори давлат — маликаи Англия. Ҳукуматро намояндаи у генерал-губернатор идора мекунад. Органи олии қонунбарор — Маҷлиси қонунбарори якпалатагӣ. Системаи судӣ: Суди Олӣ, апелляционӣ, судҳои ҷиноятӣ ва судҳои округӣ.

Маълумоти таърихӣ. Ҷазираи Маврикий ҳанӯз дар асри 10 ба сайёҳони араб маълум буд. Ба ҷазира аввалин бор дар ибтидои асри 16 аз европоиён португалиҳо омада буданд. Соли 1598 ҷазираро голландиҳо ишғол карда, ба он Маврикий ном додаанд. Дар замони Ҳукмронии худ голландиҳо ба ҷазира аз Африкаи Ғарбӣ ғуломон оварда буданд. Ҷазира ҳамчун базаи ҳарбӣ дар роҳи Ҳиндустон ва макони дарахти қиматбаҳои обнус диққати Франция ва Британияи Кабирро ба худ ҷалб намуд. Соли 1715 онро франсавиҳо забт намуданд ва соли 1810 ба ихтиёри Британияи Кабир гузашт. Соли 1914 ба мустамликаи Англия табдил ёфт.

Манзараи умумии ш. Порт-Лун. Соли 1835 баъди бекор шудани ғуломдорӣ ба ҷазира муҳоҷирати ҳиндуҳо оғоз ёфт. Аҳолии ҷазира дар тамоми таърихи худ борҳо бар зидди зулму асорати мустамликадорон шӯриш бардошта буд: шӯриши ғуломон соли 1695 бар зидди Голландия, шӯриши солҳои 1724, 1732, 1794 бар зидди франсавиҳо. Дар давраи ҳукмронии англисҳо мубориза бар зидди мустамликадорони Англия давом мекард. Соли 1935 иттафоқҳои касабаи Маврикия барпо гардид. Соли 1936 аввалин партияи сиёсӣ — Партияи лейбористе ташкил шуд, ки онро асосан буржуазияи миёна ва хурд дастгирӣ мекард. Авҷи муборизаи зидди мустамликавӣ баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Британияи Кабирро ба баъзе гузаштҳо маҷбур кард. Ҳуқуқи Шӯрои қонунбаpop васеъ карда шуда, ҳуқуқи интихоботи умумӣ ҷорӣ гардид, ҳукумати миллӣ ташкил ёфт. Дар зери фишори ҳаракати миллӣ-озодихоҳонаи аҳолии чазира соли 1965 доир ба Маврикия додани истиқлолият қарор қабул карда шуд. 7 августи 1967 интихоботи Шӯрои қонунбаpop шуда гузашт ва ҷазира ба ҳуқуқи терр. худидоракунӣ соҳиб шуд. Партияи лейбористӣ дар интихобот ғалаба кард ва фавран ба ҷазира додани истиқлолиятро талаб намуд. 12 марти 1968 Маврикия дар Иттиҳоди Британия давлатӣ соҳиб истиқлол гардид. Охирҳои 1969 дар Маврикия дар заминаи Партияи лейбористӣ Партияи сотсиал-демократии Маврикий ва Партияи комитети амалиёти мусулмонӣ (таъсисаш 1958) коалицияи ҳукуматӣ ташкил шуд. Блоки тараққипарвари мустақил (таъсисаш 1958), Иттифоқи демократии Маврикий (таъсисаш 1970) ва Ҳаракати ҷанговаронаи маврикийҳо (таъсисаш 1970) дар оппозиция монданд. Аз соли 1970 дар Маврикия ҳаракати васеи корпартоӣ авҷ гирифт. Декабри 1971 ҳукумат дар мамлакат вазъияти фавқулода эълон кард, фаъолияти ҳамаи иттифоқҳои касабае, ки ба Ҳаракати ҷанговаронаи маврикийҳо алоқаманд буданд, қатъ ва органи ин партия г. «Милитан» баста шуд. Соли 1974 13 иттифоқи касаба аз нав ба фаъолияти худ шурӯъ кард. Соли 1975 ба нашри г. «Милитан» низ иҷозат дода шуд. Ман 1978 г. «Милитан» боз баста шуд. Моҳи декабри 1976 бори аввал баъди истиқлолияти Маврикия интихоботи парламент шуда гузашт. Маврикия аз апрели 1969 аъзои ТДМ, аз соли 1970 аъзои Ташкилоти умумии Африкаю Малагасияю Маврикий. Соли 1972 Маврикия ба «Бозори умумӣ» дохил шуд. Аз соли 1968 Маврикия бо СССР муносибатҳои дипломатӣ дорад. Соли 1974 Маврикия доир ба соҳаи моҳидорӣ бо СССР шартнома баст.

 Партияҳои сиёсӣ ва иттифқҳои касаба. Партияи лейбористӣ (ПЛ), таъсисаш 1936; Комитети амалиёти мусулмонӣ (КАМ), таъсисаш 1958; Партияи сотсиал-демократӣ Маврикий, таъсисаш 1955. Ҳаракати ҷанговаронаи маврикиҳо, таъсисаш 1970; Федерацияи умумии коргарон. Конгресси лейбористии Маврикий, таъсисаш 1963.

Хоҷагӣ. Маврикия мамлакати аграрист, ки дар иқтисодиёти он капитали Англия ва Франция мавқеи калон дорад. Найшакар ҳамчун зироати асосии хоҷагии қишлоқ дар ҷои якум ва истеҳсолӣ ҷой дар ҷои дуюм меистад. Ғайр аз он тамоку, банан, алоэ, ҷуворимакка, картошка, сабзавот парвариш мекунанд. Аз чорво асосан буз ва гов мепарваранд. Моҳигирӣ ривоҷ ёфтааст. Дар мамлакат заводҳои коркарди найшакар, ёқути сунъӣ барои заводҳои соатсозии Швейцария, фабрикаҳои коркарди чой, устохонаҳои киштисозӣ ва ғ. мавҷуданд. Аксарияти корхонаҳо бо иштироки капитали хориҷӣ сохта шуда, барои экспорт маҳсулот мебароранд. Тӯли роҳҳои автомобилгард — 2,0 ҳазор км (1977). Бандари калони уқёнусӣ — Порт-Луи. Аэропорти байналхалқӣ (Плезанс) дорад. Маврикия ба хориҷа қанд. тиран қанд, чой, тамоку бароварда, аз хориҷа маҳсулоти хӯрокворӣ, мошин ва таҷҳизот, молҳои саноатӣ мегирад. Шарикони асосии савдо: Британияи Кабир, Канада, ШМА, РАН, Австралия, Франция, Ҳиндустон. Воҳиди пул рупияи маврикий.

Сатҳи терр. Маврикия баланд, қисми Ҷанубу ғарбии он (к. Питон, 826 м); дар қисми марказиаш пуштакӯҳ (баландиаш то 600 м), дар Шим. ва Ш. ҳамвории қамбари назди соҳилӣ тӯл кашидааст. Соҳилҳо бо рифҳои марҷонӣ иҳота шудаанд. Иқлимаш тропикии баҳрӣ. Ҳарорати миёнаи моҳи гармтарин феврал 26° С, моҳи аз ҳама хунуктарин августи 14—18° С. Боришоти солона 1500—2500, дар ҳамвориҳои назди соҳил 1500—5000 мм. Д-и калон Гранд-Ривьер. Хокаш аз ҷинсҳои вулқонӣ пайдо шудааст, бинобар он ҳосилхез мебошад. Тақрибан */з қисми терр. мамлакатро бешаҳои анбӯҳи тропикӣ фаро гирифтааст. Олами ҳайвоноташ қадима ва эндемикӣ. Дар ин ҷо нимиаймун (аз он ҷумла лемур), тенрекҳои ҳашаротхӯр, хорпушт, мушони паррон зиндагӣ мекунанд. Аз даррандагони хурди оилаи виввер-мангуста — гурбаи хазмонанд дучор меояд. Аз паррандаҳо дар ҷазира тутӣ, кардинал, кабӯтар, мурғи чипор, мурғи султонӣ ва ғ. вомехӯранд. Аз хазандагон букаламун, гекконҳо, игуанҳо, морҳои печон, 2 намуди тимсоҳ ҳаст. Хазанда ва ҳашарот бисьёр. Сангпушт, лемурҳои азимҷусса ва мурғи эпиарнис ваҳшинёна қир карда шудаанд.

Дар мамлакат асосан ҳиндуён (86%), креолҳо (франсавинажодҳо) (30%), хитоиҳо (3%), африкоиҳо (насли ғуломони мадагаскарӣ) ва дигар зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — англисӣ. Ҳиндуён ба расму оини дини анъанавӣ эътиқод доранд, инчунин насронӣ, мусулмон, буддоиҳо ҳастанд. Шаҳрҳои калон: Бо-Бассев, Кьюрпаив, Вакоас Катр-Борн.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …