Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАВЛОНОВА Ҳанифа Муҳиддиновна

МАВЛОНОВА Ҳанифа Муҳиддиновна

nophotoМАВЛОНОВА Ҳанифа Муҳиддиновна (таваллуд 30.1.1924, ш. Ленинобод), сарояндаи советии тоҷик (сопранои лирикӣ—драмавӣ). Артисти Халқии СССР (1968). Аъзои КПСС аз соли 1952. Духтари мутриби халқӣ Муҳиддин Мавлонов. Аз хурдсолӣ ба мусиқӣ рағбат дошт. Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинободро соли 1936 хатм карда, дар Консерваторияи давлатии Москва таҳсил намуд (1952—59). Пас аз хатми омӯзишгоҳ солҳои 1937—39 дар Театри тамошобинони ҷавон, 1939—43 дар Театри мусиқӣ Ленинобод кор кардааст. Дар ибтидои фаъолияти эҷодиаш Мавлонов роли Санавбарро дар драмаи мусиқии «Санавбар»-и Р. Ҷалил бозида, муваффақият пайдо мекунад. Аз соли 1943 солисткаи Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ. Беҳтарин партияҳои ӯ дар саҳнаи ин театр: Маҳин («Тоҳир ва Зуҳро»-и А. С. Ленский), Татьяна, Лиза, Мария («Евгений Онегин», «Моткаи каромашшок»» «Мазена»-и П. И. Чайковский), Аида, Дездемона, Леонора («Аида», «Отелло» «Трубадур»-и Ҷ Верди), Гулру X. Мавлонова дар ролью: аз чап — Гулру (операи «Пӯлод ва Гулру» -и Ш. Сайфиддинов), аз рост—Татьяна (операи «Евгений Онегин»-и П. Чайковский). («Пӯлод ва Гулру»-и Ш. Сайфиддинов), Нисо («Бахтиёр ва Нисо»-и С. А. Баласанян), Малоҳат («Бозгашт»-и Ё. Сабзанов), Сурма («Домоди номдор»-и С. Ю. Урбах), Тоска («Тоска»-и Ч. Пуччини), Ярославна («Князь Игорь»-и А. П. Бородин) ва ғ. Овози Мавлонов хеле бақувват ва ширадор буда, хушифодаву таъсирбахш аст. Ҳунарпеша ҳиссиёти ботинӣ ва олами маънавии қаҳрамонони худро табиӣ ва фасеҳ ифода мекунад. Қаҳрамонҳои Мавлонов занҳои дилрабо, пурҳарорат ва ҳассос буда, баҳри идеалҳои олӣ мардонавор мубориза мебаранд. Мавлонов дар концертҳо, радио ва телевизион мунтазам баромад карда, беҳтарин сурудҳои халқӣ ва классикии тоҷик, асарҳои бастакорони республика, рус ва ғарбро тарғиб менамояд. Мавлонов ба Муғулистон, Польша, Вьетнам, Канада, Афғонистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон сафари ҳунарӣ кардааст. Ӯ на танҳо дар инкишофи опера, санъати мусиқӣ ва театрии тоҷик, балки дар тайёр намудани кадрҳои ҷавон саҳми калон гузоштааст. Мавлонов аз соли 1967 доцент ва мудири кафедраи вокалӣ ва тайёрии операвии (1970) Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Турсунзода мебошад. Депутати Совети Олии СССР (даъвати 4). Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ад.: Нурджанов Н. X., Таджикский театр. М., 1968.

И. Нурҷонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …