Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАВЛОНОВ Шароф Мавлонович

МАВЛОНОВ Шароф Мавлонович

nophotoМАВЛОНОВ Шароф Мавлонович (таваллуд 5. 6. 1935, ш. Самарқанд), химики советӣ, доктори илмҳои химия (1980). Аъзои КПСС аз соли 1966. Соли 1958 Университети давлатии Самарқандро хатм кардааст. Солҳои 1958 —61 аспиранти АФ РСС Тоҷикистон Аз соли 1962 мудири лабораторияи физикаи нимноқилҳои Институти физика ва техникаи ба номи С. У. Умарови АФ РСС Тоҷикистон Мавлонов муаллифи зиёда аз 90 мақолаи илми ва монография мебошад. Асарҳои илмии Мавлонов ба омӯзиши процессҳои физикию химиявии кристаллбандӣ ва сегрегацияи омехтаҳо ҳангоми ҳосилкунӣ ва легиронии пайвастҳои нимноқили нав ва истифодаи онҳо ба сифати масолеҳи техникаи электронӣ оиданд. Мавлонов бо грамотаҳои фахрӣ ва медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» мукофотонида шудааст.

Ас.: Сегрегационное явление при кристаллизации полупроводников, Д., 1979.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …