Маълумоти охирин

МАВИЗ

mavizМАВИЗ, ангури хушкида, аз навъҳои ангури мавизбоб тайёр мекунанд. Мавиз якчанд хел мешавад: бедона — кишмиши сафеди дар офтоб бе истифодаи ишқору буш сулфур хушконида; сабза — кишмиши сафеди ба махлули ишкор (махлули 0,2—0,4-фоизаи содаи каустикӣ) тар карда дар офтоб хушконида; барои рангдор шудани Мавиз ангурро (дар ҷевон ё хонаи махсус) бо сулфур бур дода, дар рӯи чигбастҳо (штабелҳои тахтагиии 90X Х60 см) мехушконанд; соягӣ — кишмиши сафеди дар хонаҳои махсуси соягӣ (хонае, ки чор атрофи девораш сурохиҳои сершумор дошта, ба он нури офтоб намедарояд) хушконида широнӣ — кишмиши сиёҳи дар офтоб хушконида; гармиён — навъи дар маҳлули ишқор тар карда дар офтоб хушконидаи ангури каттақӯрғонӣ, султонӣ ва нимранг. Барои рангдор шуданаш бо сулфур бур дода, дар чигбастҳо мехушконанд; авлон — мавизи дар офтоб хушконидаи ангур.

Мавизро бо усули оддӣ дар рӯи бурё, бордон ё суфаҳо ангурро хушконида тайёр мекунанд. Бо ин усул ангур дар 20—30 рӯз хушк мешавад. Аз ангури бо маҳлули ишқор таркардашуда дар 7—10 рӯз 24—30% ва дар сояхона дар 4—8 ҳафта 23—25% Мавиз хушк мешавад. Мавизи сояхона сершираву рангдор ва кабудчатоб мешавад. Мавиз то 80—85% қанд, 0,5—3% туршӣ, 2,3% моддаҳои нитрогендор ва ғ. дорад. Намии Мавиз набояд аз 18% зиёд бошад. Мавизро аа гарду чанг ва дигар омехтаҳо тоза карда, ба халта ва қуттиҳо меандозанд.

Ад.: Мирзоев М. М. (ва диг.), Солнечновоадушная сушка винограда. М.. 1965.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …