Маълумоти охирин

МАВҶУДА

nophotoМАВҶУДА (тахалл.; фамилия ва номаш Ҳакимова Мавҷуда; таваллуд 5. 5. 1932, ш. Ленинобод), шоираи советии тоҷик. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1962. УДТ-ро тамом кард (1958). Ходими адабӣ (1958—62), муҳаррири г. «Пионери Тоҷикистон» ва ж. «Машъал» (1962— 70), г. «Комсомоли Тоҷикистон» (1970—71) буд. Аз соли 1971 муҳаррири ж. «Машъал». Шеърҳои аввалинаш соли 1951 ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмӯаи шеърҳои «Суруди саҳар» (1964), «Илҳом» (1970), «Мошинаи мошинсавор» (1972, барои бачаҳо), «Ба сӯи нур» (1976), «Набзи роҳ» (1977, шеърҳо дар бораи БАМ), «Бачаҳои гулдаст» (1978, барои бачаҳо), «Туи баҳор» (1980). Шоира аз ҳаёти муосирон як қатор пьесаҳо навиштааст: «Зистан мехоҳад» (1973), «Сояи гуноҳ» (1974), «Интизорӣ» (1975) ва ғ. Ашъори Мавҷуда ба забонҳои русӣ («Далёкий путь к свету», М., 1974; «Наш Нурек», Д., 1975, шеърҳо барои бачаҳо), ӯзбекӣ («Як қатра офтоб», Тошкент, 1975, барои ҷавонон) ва ғ. тарҷума гардидаанд. Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ», «Дӯстии Халқҳо», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» мукофотонида шудааст. Аз соли 1965 узви ИН СССР.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …