Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАВҶҲОИ ЗИЛЗИЛА

МАВҶҲОИ ЗИЛЗИЛА

mavchi-zilzilaМАВҶҲОИ ЗИЛЗИЛА, лаппишҳоеанд, ки дар Замин аз марказҳои зилзила, таркиш ва манбаъҳои дигар паҳн мешаванд. Мавҷҳои зилзила дар наздикии марказҳои зилзилаҳои пурзӯр (ки аксар даври лаппишашон ба даҳяки сония баробар аст) қувваи харобиовар доранд. Мавҷҳои зилзилае, ки аз эпицентри зилзила дар масофаҳои дур воқеанд, мавҷҳои чандир мебошанд. Мавҷҳои зилзилаи барқад (Р-мавҷ) ҳаҷми муҳит, яъне қобилияти фишурдашавӣ ва васеъшавии онро тағйир медиҳанд. Дар онҳо лаппишҳо дар самти паҳншавӣ ба амал меоянд. Мавҷҳои зилзилаи кундаланг (5-мавҷ) ҳаҷми муҳитро тағйир намедиҳанд ва аз лаппишҳои зарраҳо дар самти нисбат ба самти паҳншавии мавҷҳо перпендикуляр иборатанд. Лаппишҳои зилзила дар ҳар лаҳзаи вақт ва дар ҳар нуқтаи муҳит муодилаҳои мавҷро (барои мавҷҳои Р ва S) қаноат мекунонанд. Дар муҳити якҷинсаю изотропии чандир суръатҳои паҳншавии мавҷҳои барқад (а) ва кундаланг (6) бо формулаҳои: муайян карда мешаванд (р — зичии

муҳит; к + — и — X -I- Щ к — модули фишурдашавии ҳарҷониба; X ва ц собитаҳои Ляме, дар зимни ин ц — модули лагзиш). Суръати мавҷҳои барқад назар ба суръати мавҷҳои кундаланг зиёд аст.

Инъикос ва шикасти мавҷҳои барқад (Р) дар ҳудуди ҷудоӣ.

Ҷиҳати хоссаи паҳншавии Мавҷҳои зилзила (мавҷҳои чандир дар муҳитии сахт) он аст, ки ҳангоми ба сатҳи ҷудоии муҳитҳои параметрҳояшон (суръат ва зичӣ) гуногун уреб афтидани як навъи мавҷҳо (мас., мавҷҳои кундаланг), ғайр аз мавҷҳои инъикосшуда ва шикастан кундаланг, мавҷҳои инъикосшуда ва шикастан барқад ба вуҷуд меоянд (расм). Дар наздикии сатҳҳои ҳамҷудо дар Замин Мавҷҳои зилзилаи сатҳӣ пайдо мешаванд. Мавриди ба ҳамвории сарҳадӣ афтидани мавҷи Р дар ин қабат мумкин аст мавҷҳои инъикосшудаи Р ва SY ҳосил шаванд. Дар айни ҳол, агар at>bi>a\>bi (а( ва Ь|— суръатҳо дар қабат, а2 ва Ь2 — суръатҳо дар муҳити ноҳамҳудуд) бошад, Р-и инъикосшуда ва ҳам Si-в инъикосшуда хосияти инъикоси пурраи дохилиро доро мешаванд. Дар натиҷа, дар қабати додашуда мавҷҳои Рэлей ташаккул меёбанд.

Мавҷҳои Р ва S аз манбаъ дар тамоми ҳаҷми Замин паҳн мешаванд ва мавҷҳои ҳаҷмӣ ном доранд. Амплитудаи лаппшҳои ҳаҷмӣ дар муҳити якҷинсаю изотропӣ ба масофа чаппа мутаносибан кам мешавад. Амплиитудаи лаппишҳои сатҳӣ бошад, қад-қади сатҳ паҳн шуда, ба решаи квадратӣ аз масофа чаппа мутаносибан кам мешавад. Ба ҳамин сабаб дар лаппишҳои аз зилзилаи манбаъҳои дур амплитудаи мавҷҳов сатҳи бартарӣ доранд. Вобаста ба тағйири хосиятҳои умқи Замин суръатҳои паҳншавии Мавҷҳои зилзилаи ҳаҷмӣ ҳам вобаста ба умқ тағйир меёбанд. Ин ба рефракцияи мавҷҳо дар қаъри Замин боис мешавад.

Мушоҳидаи паҳноиши Мавҷҳои зилзила дар рӯи Замин ба тадқиқи сохти Замин имконият фароҳам овард. Дар омӯхтани конҳои нефту газ, дарёфтани структураи гуногуни геологӣ ва кандани пармачоҳҳои чуқур, дар ҳал намудани муҳимтарин масъалаҳои геологияи инженерӣ Мавҷҳои зилзиларо ба инобат мегиранд.

Ю. Л. Мамадалиев, Н. X. Исомов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …