Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАВҶҲОИ КӮТОҲ

МАВҶҲОИ КӮТОҲ

mavchi-kutohМАВҶҲОИ КӮТОҲ радиомавҷҳое, ки дарозии мавҷашон аз 10 то 100 м аст. Мавҷҳои кӯтоҳ аз ионосфера инъикос мешаванд (ионосфера миқдори ками онҳоро фурӯ мебарад). Азбаски Мавҷҳои кӯтоҳ байни сатҳи Замин ва ионосфера чандин карат инъикос мешаванд, бинобар ин ба масофаҳои дур паҳн шуда метавонанд. Аз ин сабаб Мавҷҳои кӯтоҳро барои радиоалоқа дар шароити Замин васеъ истифода мебаранд. Радиоалоқа бо Мавҷҳои кӯтоҳ ба процессҳои мунтазам ва номунтазами ионосфера, ки бо хурӯҷи Офтоб, фасли сол, вақти шаборӯзӣ алоқаманданд, вобаста аст. Барои радиоалоқаи кайҳонӣ Мавҷҳои кӯтоҳ истифода намешаванд, зеро аз ионосфера гузашта наметавонанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …