Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАВҶҲОИ ФАВҚУДДАРОЗ

МАВҶҲОИ ФАВҚУДДАРОЗ

miriametriМАВҶҲОИ ФАВҚУДДАРОЗ (мириаметрӣ), радиомавҷҳои дарозири мавҷашон X > 10 км (басомадашон < 30 кГц). Барои Мавҷҳои фавқуддароз X бо масофаи байни сатҳи Замин ва ионосфера муқоисашаванда аст, бинобар ин онҳо аз рӯи мавҷбари куравии Замин — ионосфера ба масофаҳои азим (бо андак сустшавӣ) паҳн шуда метавонанд. Мавҷҳои фавқуддароз дар системаи навигационии рӯизаминӣ истифода мешаванд. Онҳо дар шароити муайян қад-қади хатҳои қуввагии майдони магнитии Замин аз ионосфера гузашта, ба нуқтаи майдони магнитиаш мувофиқи нимкураи дигар баргашта метавонанд. Мавҷҳои фавқуддароз қобилият доранд, ки дар қишри Замин, оби баҳру уқёнусҳо низ паҳн шуда раванд. Аз ин рӯ, онҳоро дар системаҳои радиоалоқаи зериобӣ ва зеризаминӣ истифода бурдан мумкин аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …