Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАВҶҲОИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӢ

МАВҶҲОИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӢ

mavchi-elektromagnitiМАВҶҲОИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӢ, тағйири майдони электромагнитӣ, ки дар фазо бо суръати ниҳоӣ (охирнок) паҳн мешавад (ниг. Суръати рӯшноӣ ва Суръати фазавӣ). Мавҷҳои электромагнитӣ ғайр аз баъзе мавридҳои махсус, мавҷҳои кундаланг мебошанд: дар хар нуқтаи майдони Мавҷҳои электромагнитӣ векторҳои шиддатнокии майдонҳои алектрӣ (Е) ва магнитӣ (И) дар ҳамвории нисбат ба самти паҳншавии Мавҷҳои электромагнитӣ перпендикуляр мелаппанд. Ғайр аз ин дар ҳар нуқта векторҳои £ ва Я дар як фаза мелаппанд ва ҳамеша ба ҳам перпендикуляранд (ниг. низ Поляризацияи рӯшноӣ). Хусусиятҳои Мавҷҳои электромагнитӣ ва қонунҳои паҳншавии онҳо бо муодилаҳои Максвелл шарҳ дода мешаванд. Вобаста ба басомад (ё дарозии мавҷ дар вакуум), манбаъҳои афканиш ва тарзи ангезиш чунин намудҳои Мавҷҳои электромагнитӣ мавҷуданд: радиомавҷҳо, шуоъафкании камобӣ ва шуоъафкании ултрабунафш, шуоъҳои рентгенӣ ва гаммашуоъҳо. Интиқоли энергияи Мавҷҳои электромагнитӣ бо вектори Пойнтинг тавсиф мешавад. Дар ҳудуди ҷудошавии ду муҳит Мавҷҳои электромагнитӣ инъикос меёбанд ва мешикананд, вале мавриди паҳншавии онҳо дар муҳит ҳодисаҳои дисперсилӣ мавҷрo, дифракцияи мавҷҳои интерференцияи мавҷҳо, фурӯбурду рефракцияи мавҷҳо ва пароканиши мавҷҳо, инчунин шикасти дукаратаи шуоъ ба вуқӯъ меоянд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …