Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАВҶҲО

МАВҶҲО

МАВҶҲО, вобаста ба вақт тағйир ёфтани тартиби фазовии максимуму минимумҳои бузургиҳои физикӣ, мас., фишор, зичии модда, шиддатнокии майдонҳои электрию магнитӣ; лаппишҳои паҳншаванда. Дар физикаи муосир намудҳои зерини Мавҷҳоро тадқиқ мекунанд: мавҷҳои сатҳии чандир (ҳолати хусусии онҳо Мавҷҳои садоӣ), мавҷҳои электромагнитӣ (аз ҷумла, шуоъафкании ҳароратӣ, рушноӣ, гаммашуоъӣ, шуоъҳои рентгенӣ, радиомавҷҳо, мавҷҳои де-Бройль) ва ғ. Вобаста ба шакли сатҳи фазаҳои баробар (фронти Мавҷҳо) Мавҷҳои сатҳӣ, куравӣ, цилиндрӣ (Мавҷҳое, ки сатҳӣ фазаҳои баробари онҳо мувофиқан сфераҳо ва цилиндрҳо мебошанд) ва ғ. мавҷуданд. Мувофиқи ориентацияи ҳамвории лаппиш нисбат ба самти паҳншавӣ мавҷҳои кундаланг ва мавҷҳои барқад вуҷуд доранд. Агар лаппиш қад-қади самти паҳншавӣ ба вуҷуд ояд, Мавҷҳои ҳосилшуда барқад ва агар лаппиш ба самти паҳншавӣ перпендикуляр бошад, Мавҷҳои ҳосилшуда кундаланг номида мешаванд. Мас., Мавҷҳои сатҳи об, Мавҷҳои электромагнитӣ дар муҳити изотропӣ Мавҷҳои кундаланг буда, Мавҷҳои садоӣ барқад мебошанд. Мавҷҳои кундаланги поллризацилшуда ва поляризациянашуда мавҷуданд (ниг. Поляризацияи рӯшноӣ). Лаппишҳои гармоникие, ки паҳн мешаванд, Мавҷҳои синусондавӣ ё монохроматӣ (ниг. Рӯшноии монохроматӣ) ном доранд. Характеристикаҳои асосии Мавҷҳои монохроматӣ дарозии мавҷ X ва даври лаппиш Т мебошанд, ки ба ҳамдигар бо таносуби Т = —алоқаманданд (ин ҷо с — суръати паҳншавии Мавҷҳо). Ду мавҷ ҳамон вақт когерентӣ номида мешаванд, ки агар фарқи фазаи онҳо вобаста ба вақт бетағйир монад. Таъсири мутақобилаи ду ё зиёда мавҷҳое, ки дар ҳамон як пункти фазо вомехӯранд, ба принципи суперпозиция тобеъ мебошад; агар Мавҷҳо когерентӣ бошанд, ҳодисаи интерференция ба вуҷуд меояд. Мас., ташаккули мавҷҳои истон ҳангами таъсири мутақобилаи Мавҷҳои ҳамвори росту (инъикосшуда бо ҳодисаи интерференциях мавҷ шарҳ дода мешавад. Агар дар роҳи паҳншавии Мавҷҳо монеае қисми фронтро нигоҳ дорад, ба вуҷуд омадани дифракцияи Мавҷҳо мумачин аст. Мавриди ба ҳудуди ду муҳит афтидани мавҷ қисмҳои аз ҳудуд акс гашта, як қисмаш ба дигар муҳит мегузарад. Ин ҳодисаҳо мувофиқан инъикос ва шикасти Мавҷҳо номида мешаванд (мас., ниг. Шикасти рӯшноӣ). Кунҷи шикаст ба нишондиҳандаи шикаст вобаста аст. Агар муҳити дуюм анизотропӣ бошад, шикасти ду каратаи шуоъ ба амал меояд. Хусусияти муҳите, ки маҷмӯи Мавҷҳои гуногунбасомад дар он паҳн мешаванд, ҳодисаи нисбат ба якдигар «қафомонии» Мавҷҳо— дисперсияи мавҷҳоро боис мегардад. Ин ҳодиса, аз ҷумла дар он зоҳир мегардад, ки бузургии суръатҳои фазавӣ ва гурӯҳии Мавҷҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Паҳншавии Мавҷҳо бо интиқоли энергия алоқаманд аст, бинобар ин барои ба вуҷуд овардани Мавҷҳо ягон кор иҷро кардан лозим меояд. Барои ҳангоми интиқоли Мавҷҳо кам кардани сарфи энергия мавҷбарҳоро кор мефармоянд. Агар ҷисме дар муҳит бо суръати бештар аз суръати фазавии Мавҷҳо дар ин муҳит ҳаракат кунад, Мавҷҳои махсус пайдо мешаванд. Мас., ҳангоми бо суръати бештар аз суръати фазавии рӯшноӣ ҳаракат кардани электрон шуоъафкании Вавилону Черенков ва ҳангоми бо суръати фавқуссадо ҳаракат кардани самолёт мавҷи зарбатӣ ба амал меоянд. Агар манбаи Мавҷҳо ва мушоҳид наздик шаванд (дур раванд) эффекты Доплер рӯй медиҳад, ки бо он мас., лаганши сурхи спектрҳои галактикаҳо шарҳ дода мешавад. Процессхои мавҷҳо дар табиат ва техника васеъ паҳн шудаанд. Тадқиқи онҳо барои инкишофи минбаъдаи илмҳои фвзика ва техника муҳим аст.

Ад.: Горелик Г. С., Колебания и волны, 2 изд.. М., 1059; Красильников В. А., Звуковые и ультразвуковые волны в воздухе, воде и твердых телах, Э изд., М.. 1060.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …