Маълумоти охирин

Марв

MAPB – яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна. Дар наздикии ш. Байрамалии Туркманистон, соҳили Мурғоб воқеъ буда аст. Боқимондаҳои Марв аз 5 димна (Эркқалъа, Гаврқалъа, Султонқалъа, Абдуллоҳхонқалъа, Байрамхонқалъа) иборат аст. Димнаҳоро солҳои 80 асри 19 В. А. Жуковский ва сонитар археолог Б. Б. Пиотровский омӯхтаанд. Соли 1946 бо роҳбарии М. Е. Массон дар Туркманистони Ҷанубӣ экспедицияи археологӣ тадқиқот бурд. Қисми кадимии Марв—Эркқалъа (сатҳаш 12 га) дар нимаи аввали ҳазораи 1 то м. ба вуҷуд омадааст. Давраи тараққиёт ва мустақкамшавии Марв ба асрҳои 2 то м. ва 3 м. рост меояд.

Марв (шаҳр)
Расми шаҳри куҳани Марв

Дар ин вақт Марв аз се қисм иборат буда, аз ҷиҳати сохтмон ба шаҳрҳои шимоли Порт шабоҳат дошт ва сатҳаш 60 км2 буд. Қӯрғони Эркқалъа, Гаврқалъа, ду кӯчаи асосӣ, маҳаллаҳои дохилӣ ва истеҳкомҳои шаҳр бо деворҳо иҳота шудааст. Дар асри 3 м. Марв ба ҳайати давлати Сосониён дохил буда, асри 4 м. дар баробари барҳам хӯрдани сохти ғуломдорӣ, ру ба таназзул ниҳод, аммо то истилои араб (асри 7) истеҳкоми ҳарбии Сосониён буд. Дар ин давра дар Гаврқалъа ва атрофи он ибодатхонаҳои будпарастону насрониён ва қӯрғонҳои феодалон, ки бо деворҳои «бурмашакл»-и дуқабата иҳота шуда буданд, ба вуҷуд омаданд., Дар асри 8 баъди ба дасти Аббосоён гузаштани ҳокимият, Султонқалъа маркази маъмурӣ гардид. Дар давраи пойтахт будани Султонқалъа

(дар он ҷое, ки мақбараи Султон Санҷар воқест) Марв ривоҷу равнақ, ёфт ва охири асри 11 ва аввали, асри 12 пойтахти давлати бузурги Салҷуқиён қаpop гирифт. Охири асри 12 ва асри 13 Марв яке аз марказҳои муҳими давлати Хоразмшоҳиён шуд. Соли 1222 дар натиҷаи истилои муғулҳо ба харобазор табдил ёфт. Асри 15 Марв (ҷои ҳозираи димнаи Абдулоҳхонқалъа) аз нав бунёд шуда, дар давраи ҳукмронии Шоҳрух рӯ ба ободӣ ниҳод. Асрҳои 16—18 Марв дар ҷои димнаи Байрамалихонқалъа вуҷуд дошт. Дар асрҳои 17—18 ҳокимияти шаҳр аз даст ба даст мегузарад ва танҳо соли 1883 он бо хоҳиши сокинонаш ба Россия ҳамроҳ шуд. Марв дар тӯли асрҳо борҳо ба маркази илму адаб табдил ёфт, намояндагони он ба инкишофи адабиёт, афкори илмию фалсафӣ ва иҷтимоии халқҳои Осиёи Миёна саҳми арзанда гузоштанд. Имрӯз Марв шаҳри социалистӣ буда, 30 км ғарбтари роҳи Ашқобод воқест (Ниг. Марӣ).

Шаҳри Марв дар Харита

Ад.: Обельченко О. В., Городища Старого Мерва Абдуллаханкала и Байрам-Али-хан-кала и свете работ ЮТАКЭ 1950 г.— Труды Южно-Туркменистанской археологической комплексной экспедиции, т. 14. Ашхабад, 1969; Усманова З. И., Новые данные к археологической стратиграфии Эрккалы. Труды Южно-Туркменистанской археологической комплексной экспедиции. Ашхабад, 1969.Г. В. Беляева.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …