Маълумоти охирин

Маратхҳо

МАРАТХҲО, халқест дар Ҳиндустон, аҳолии асосии штати Маҳараштра. Шумораашон зиёда аз 80 миллион нафар (2017с.). Ба забони маратҳи гап мезананд. Аксарияти диндорон пайрави ҳиндуия, қисман пайния, ислом, масеҳият. Машғулияти асосии Маратхҳо— деҳқонӣ. Истеҳсолоти косибӣ, савдои баҳрӣ боиси дар байни Маратхҳо нисбат ба халқҳои дигари Ҳиндустон барвақтар инкишоф ёфтани муносибатҳои капиталистӣ ва тавлиди синфи коргар гардид.

marathi
Сурати мардуми Маратхҳо

Асри 15 ба сарзамини Маратхҳо савдогари рус Афанасий Никитин саёҳат кардааст. Маратхҳо барои истиқлолияти худ бар зидди давлати Темуриёни Ҳинд, мустамликадорони Португалию англис муборизаи шадид бурданд. Соли 1960 дар ҳайати Ҳиндустон штати миллии Маҳараштра ташкил ёфт.

Иёлоти (Штат) Махаратштра дар Харита

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …