Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Марат Жан Пол

Марат Жан Пол

Марат Жан Пол (24. 5. 1743, Будри, Швейцария— 13.7.1793, Париж), ходими Революцияи Кабири Фаронса, олим ва публицист. Аз 16-солагӣ сокини Франция шуда, то соли 1765 дар Бордо ва Париж илмҳои табиатшиносӣ ва фалсафаро омӯхт. Соли 1765 ба Британияи Кабир омад ва ба омӯзиши илмҳои табииёту тиб шуғл варзид. Соли 1769 китоби Марат «Дар бораи яке аз иллати ҷашн» нашр шуд. Соли 1775 Университети Эдинбург ба Марат унвони илмии доктори тибро дод. Ҳамон сол дар Амстердам тадқиқоти илмию фалсафии Марат «Дар бораи одам…» аз чоп баромад.

Марат Жан Пол
Расми Марат Жан Пол

Вольтер ва Дидро ақидаҳои зиддиматериалистии китоби Маратро сахт танқид намуданд. Аз соли 1776 дар Париж зиста, чун духтур ва муҳаққиқи физика машҳур шуд. Дар давраи революция (1789) китобҳои «Ҳадя ба ватан» ва «Иловаҳо»-ро навишт, ғ. «Дӯстин халқ»-ро нашр кард, ки он ҳамчун органи демократияи революционӣ машҳур гардид. Дар саҳифаҳои газета Марат бештар масъалаҳои инкишофи революцияро ба миён мегузошт. Таъқиби ҳукуматдорон ӯро маҷбур сохт, ки январи соли 1790 аз нав ба Британияи Кабир равад, вале майи ҳамон сол махфӣ аз он ҷо баргашт ва нашри пинҳонии газетаро давом дод. Марат масъалаҳои интиқоми революцияро таҳлил ва манфиати табақаҳои бенаворо пайваста ҳимоя менамуд. Соли 1792 ба Конвент интихоб гардид. Ба тарафдории иттиҳоди тамоми қувваҳои революционӣ ва ҳимояи республика баромад кард. Жирондчиён ба муқобили ӯ баромаданд. Ниҳоят Марат бо дасти контрреволюционер Ш. Корде кушта шуд. Маросими дафни Марат ба намоиши азими сиёсӣ табдил ёфт.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …