Маълумоти охирин

Марал

МАРАЛ (Cervus elaphus sibiricus), як намуди осиёии оҳуест аз оилаи гавазнҳо. Бештар дар кӯҳҳои Олтой, Салли Осиёи Миёна, соҳили Байкал, Сибири Ҷанубӣ ва Муғулистони Шимолу Ғарбӣ маскун аст. Дарозии танаи наринааш 250—265 см, баландиаш (то сари гардан) 125—155 см ва вазнаш 300—340 кг. Наринаи Марал чанбаршох, модинааш бешох. Шохи Марал ҳафт сол зимистон афтида, аввали баҳор аз нав мебарояд.

Давраи хамшавиаш  8—8,5 моҳ; 1—2 бача мезояд. Хӯроки Марал асосан баргу навдаи наботот. Аз Марал пӯст, гӯшт ва аз шохи навраси нармаш (панта) доруи пантокрин таиёр мекунанд.

Марал
Расми Марал

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …