Маълумоти охирин

Марабу

МАРАБУ, адъютант (Leptop-tilus), паррандаест аз оилаи лайлакҳо. Қадаш 110—150. см, паҳноии болаш то 3 м. Пушташ сиёҳ ё ашҳабӣ. Марабуи африқоӣ шикамаш сафед. Дар гарданаш халтаи луч (ғайри Марабуи яванӣ) дорад. Се намуди Марабу маълум аст: африқоӣ — L. crumcniferus (дар тропикаи Африка), ҳиндустонӣ—L. dubius ва яванӣ — L. javanicus (дар Осиёи Ғapбy Шарқӣ). Марабуи ҳиндустонӣ ва африкоӣ дар дарахтҳои баланди шахҳои наздики ботлоқзор лона месозад ва 2—4-той тухм мегузорад. Баъди қариб 1 моҳ, ҷӯҷа мебарояд. Дар маҳалҳои аҳолинишин ҳар гуна партовҳоро мехӯрад ва аз ин ҷиҳат як навъ санитар аст. Марабуи яванӣ дар назди манзили одамон зиндагӣ мекунад.

Марабу
Расми Марабу

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …