Маълумоти охирин

Маориҳо

Маориҳо – аҳолии маҳаллии Зеландияи Нав. Шумораашон зиёда аз 630 ҳазор нафар дар соли 2017. Аз ҷиҳати антропологӣ ба нажоди полинезӣ мансуб, вале ба мурулсуратҳои ҷанубӣ ва австралисуратҳо шабоҳат доранд. Ба забони маорӣ гап мезананд. Мӯътақидони дину мазҳаб пайрави масеҳиятанд. Аҷдоди Маориҳо дар асрҳои 10—14 аз Полинезияи Марказӣ ба ҷазираи Зеландияи Нав муҳоҷир шуда, бо аҳолии қадимаи он ҷо омехтаанд. Машғулняти асосии онҳо деҳқонӣ, моҳигирӣ ва шикор буд.

Маориҳо
Расми Маориҳо

То Зеландияи Навро забт кардани Британияи Кабир (нимаи аввали асри 19) қабилаҳои зиёди Маориҳо дар давраи таназзули сохти ҷамоаи ибтидоӣ зистаанд, ки дар ин давра Ғуломдории патриархалӣ вуҷуд дошт. Фолклор ва санъати тасвирӣ инкишоф ёфта буданд. Асри 19 аз Маориҳо миллати зеландиягиҳои нав ташаккул ёфт. Дараҷаи зиндагии онҳо нисбат ба дигар зеландиягиҳои нав паст аст. Қисми зиёди Маориҳо бо деҳқонӣ, чорводорӣ, ҷангалпарварӣ машғул aст. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ маданияти Маориҳо эҳё шуда, қисми таркибии маданияти Зеландияи Нав гардид.

Харитаи ҳиҷрати мардуми Маорӣ

Харитаи ҳиҷрати мардуми Маорӣ
Харитаи ҳиҷрати мардуми Маорӣ

Инчунин кобед

khuroka-10

Хӯрокҳои узбекӣ

Ошхонаи ӯзбекӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон хеле фарқ мекунад. Палав ва хӯрокҳои орд барои минтақаҳои …