Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Маорифпарварӣ

Маорифпарварӣ

Маорифпарварӣ, ҷараёни адабию фарҳангӣ ва иҷтимоию сиёсиест, ки бо роҳи тарғиби ғояҳои хайр, адолат, илму маърифат иллатҳои сохти муайяни ҷамъиятиро барҳам задан, маъанаю маишат ва сиёсати онро тағйир додан мехост. Асоси ҷаҳонбинӣ на таълимоти намояндагони Маорифпарварӣ бар пояи ақидаҳои идеалист. Ин қаpop гирифта буданд. Пайравони Маорифпарварӣ шуурро омили ҳалкунандаи тараққиёти ҷамъият, бемаърифатии одамонро сабабгори иллатҳои иҷтимоӣ медонистанд. Маорифпарварон аҳамияти ҳалкунандаи омилҳои моддиро дар тараққиёти ҷамъиит дарк накарда, такомули маориф ва маърифатнок намудани оммаро чун роҳи халосӣ медонистанд. Дар Аврупо ғояҳои Маорифпарварӣ аслан дар арафаи револютсияҳои буржуазию демократӣ равшан зуҳур ёфтаанд ва ҳаматарафа мунташир шуданд.

Маорифпарварӣ

Намояндагони барҷастаи Маорифпарварии Европаи Ғapбӣ (Волтер, Ш. Монтеске, Г. Лессинг, И. Гёте ва дигарон) ҳамчун идеологҳои буржуазияи майда ба муқобили аҳкоми растии асри миёнагӣ ва идеологияи феодалию динӣ фаъолона мубориза бурдаанд. Таълимоти онҳо ба интишори озодандешии минбаъда, алалхусус социализми хаёлӣ ва маорифпарварии рус такон додааст.Ғояҳои Маорифпарварӣ дар байни халқҳои Шарқи Наздику Миёна, аз ҷумла халқи тоҷик низ инкишоф ёфтанд. Қафомонии иқтисодию маданӣ, қашшоқию бенавоин омма, бесаводӣ, ҳукмронин идеологияи феодалию динӣ дар ҳаёти маънавӣ, маҳрумияти сиёсӣ, истибдоди феодалӣ, истисмори мустамликавӣ дар аморати Бухоро, шиносоии интеллигенцияи пешқадами кишвар бо маданияти рус заминаҳое буданд, ки Маорифпарварӣро ба майдон оварданд. Барои ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ дар байни қувваҳои прогрессивӣ, унсурони демократӣ, маорифпарварон аз як сӯ ва қувваҳои иртиҷоии феодалию динӣ аз сӯи дигар муборизаи оштинопазир мерафт. Дар ин мубориза намояндагони равшанфикри Маорифпарварии тоҷик Аҳмади Дониш, Савдо, Шоҳин, Ҳайрат, Возеҳ, Асирӣ ва дигарон фаъолона ширкат варзидаанд.

Танқиди сохти феодалӣ аз тарафи мутафаккирони тоҷик сирату сурати соф Маорифпарварӣ ва хаёлӣ дошт. Онҳо ҷоҳилиро сабаби асосии бадбахтиҳо, бемаърифатии омма, беҳтарсозии сифати таълиму тарбияро омили асосии аз мусибатҳои феодалӣ озод шудани одамон медонистанд. Аз ин рӯ ҷорӣ кардани маърифат, адолат, дӯстӣ, барҳам додани истибдод мақсаду мароми асосии онҳо буд. Аслан ғояҳои ислоҳотчигии онҳо аз дойраи идеологияи расмии ислом берун намебаромадаид. Вале ғояҳои пешқадаму демократии Маорифпарварӣ, аз ҷумла Маорифпарварии тоҷик, сарфи назар аз он ки на ҳама дар амал татбиқ гардидаанд, аҳамияти бузурги таърихӣ доштанд:

Маорифпарварӣ дар шароити тартиботи қафомондан иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсии асримиёнагӣ, афзудани нуфузи идеологияи феодалию динӣ ифодаи зътирози намояндагони пешқадами интеллигенция нисбат ба сохти мавҷуда буд;
Маорифпарварии тоҷик барои қатъиян тағйир додани системаи маориф, маҳдуд кардани доираи таъсири дин ва ҷорӣ кардани таълими илмҳои дуньявӣ мубориза мебурд;
Маорифпарварии тоҷик омӯзиши илм, тарзи зиндагӣ, системаи маорифу маданияти пешқадами Россияро тарғибу тадшвиқ мекард. Бо ин иқдом маорифпарварон ба мавқеи таассуби динӣ, идеологияи феодалию динии синфҳои ҳукмрон зарба зада, ба инкишофи озодандешӣ, бедории сиёсии гурӯҳҳои пешқадами демократӣ, мустаҳкамшавии робита ва дӯстии халқҳои Осиёи Миёнаю Россия шароит фароҳам оварданд. Ниҳоят, муборизае, ки онҳо бар зидди тартиботи патриархалию феодалии аморат бурданд, барабас нарафт. Ғояву афкори онҳоро насли сонии маорифпарварон — аз ҷумла ҷадидҳо идомаю инкишоф дод;
ғояҳои Маорифпарварӣи тоҷик барои таълимоти марксизм-ленинизмро аз худ кардани мехнаткашони кишвар шароити муносиби ғоявӣ ба вуҷуд овард. Маорифпарварӣ дар мамлакатҳои муосирн Шарқӣ мусулмонӣ (Муҳаммад Иқбол, Муҳаммад Абдо) бинобар хусусияти ин мамлакатҳо, бо афкори дини пайваст аст.

Ад.: Раҷабов 3. Ш., Аз таърихи афкори ҷамъияти-сиёсии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX, Сталинобод, 1959; Ҳамон муалл., Маорифпарвар Аҳмади Дониш. Д., 1964; Боҳоутдинов А. М., Из истории общественно-политической мысли таджикского народа, «Вопросы философии»», 1951, № 3; Шарипов И., Предпосылки преобразования общественных отношений в Таджикистане на пути некапиталистического развития, ч. 1—2, Д., 1973—76.      И. Шарифов.

Инчунин кобед

sadi

САЪДӢ – Саъдии Шерозӣ

САЪДӢ Муслиҳуддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифуддин (1203/8, Шероз—1292, ҳамон ҷо), шоир, насрнавис ва мутафаккири форс-тоҷик. …