Мао Дун

МАО ДУН – номи аслиаш Шэн Янбин мебошад. Соли 1896 дар Чинчжэг таваллуд шуда, дар музофоти Чжэцзяв соли 1980 вафот кардааст. Мао Дун тахалуси ин шах аст ва у нависанда ва ходими ҷамъиятии Хитой аст. То соли 1927 ҳамчун публицист, адабиётшинос, мунаққид ва тарҷумон баромад карда, хонандагони хитоиро бо адабиёти Аврупои Ғарбӣ ва рус шинос менамуд. Аввалин таълифоти бадеии Мао Дун асари сегонаи «Хусуф» (1927 —28) мебошад, ки аз повесткой «Дилсардиҳо», «Дудплагнҳо» ва «Ҷустучӯҳо» иборат аст. Солҳои 1929—30 дар Япония муҳоҷир буд. Баъди бозгашт (1930) яке аз аъзоёни фаъолн Лигаи нависаидагони чапи хитоӣ шуд. Дар «Трилогпяи деҳот» (1932—34) ки аз се ҳикояи калон иборат аст, дар шароити буҳрони иқтисодӣ ба мубориза бархестани деҳқонон тасвири бадеӣ ёфтааст.

Мао Дун
Расми Мао Дун

Мавзӯи повести «Дӯкони Лин» (1932) нуфлис шудани майдасавдогарҳост. Романи «Пеш аз субҳ» (1933) аввалин намунаи хамосаи иҷтимоии адабиёти навтарини Хитой аст; дар он Мао Дун вазъияти буржуазияи миллӣ ва муборизаи оммавии коргаронро тасвир кардааст. Солҳои ҷанг бо Япония (1937— 45) Мао Дун адибонро ба ҳимояти ватан ва ватандӯстӣ даъват мекард; муҳаррири маҷаллаи «Вэнбн чженьди» буд; ба адабиёти бадеии ҳуҷҷатӣ эътибори калон медод: «Қиссаи давраи якум» (1939)—дар бораи мудофиаи семоҳаи Шанхай. «Баъди торумор» (1942) ва ғ. Соли 1941 Мао Дун романи «Таназзул» (дар бораи зане, ки ба хизмати полицияи махфии чанқайшиҳо ҷалб шудааст), 1942 романи «Баргҳои шабнамнишаста, чун гулҳои баҳор apғyвони метобанд» (дар бораи тақдири музофоти Хитой дар арафаи револютсияи 1911—13), 1945 драмаи «Дар рӯзҳои ёдбуд»-ро (ба пешомадҳои мубориза барои таҷаддуди мамлакат бахшида шудааст) таълиф намуд.

Баъди ҷанг Мао Дун дар ҳаракати демократӣ иштирок карда, ба тарҷума машғул гардид, ба таълифи романи «Обутобёбӣ» (1948, нотамом мондааст), камар баст. Солҳои 1946—47 ба СССР сафар кард ва китобҳои «Он чӣ дар СССР қадам ва шунавам» (1948) ва «Сӯҳбатҳо оид ба Иттифоқи Советӣ»-ро (1949) навишт. Солҳои 1949—64 Мао Дун ҷонишини раиси Ассоциацияи умумихитоии кормандони адабиёт ва санъат, раиси Иттифоқи нависандагон ва вазири мадавияти Хитой буд; бо адабиётшиносӣ ва публицистика шуғл варзида, китобҳои «Қайдҳои шабонгоҳӣ. Мулоҳизаҳо оид ба реализми социалистӣ» (1958), «Рӯҳбаландӣ» (1959), «Дар бораи таърих ва драмаҳои таърихӣ»-ро (1962) ба табъ расондааст. Соли 1958 ба Тоҷикистон сафар карда, дар ҷашни 1100-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ китоби тарҷумаи хитоии ин шоири бузургро ҳадя ва дар манллеп тантанадор суханронӣ намуд.

 

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …