Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Мао Сзедун

Мао Сзедун

МАО CЗЭДУН (26.12.1893, деҳаи Шаошан, уезди Сянтан музофоти, Хунан — 9.9.1976, Пекин), ходими сиёсӣ ва давлатии Хитой. Аз оилаи деҳқони осудаҳол. Соли 1918 Омӯзишгоҳи педагогиро хатм кард. Солҳои 1918— 19 дар китобхонаи Университети Пекин кор кард. Соли 1920 ба кружокҳои коммунист ҳамроҳ шуд. Солҳои 1923—25 ва аз соли 1928 аъзои КМ ПКХ. Соли 1931 раиси КИМ ва СКХ Республикаи советии Хитой интихоб гардид.

Сурати Мао Сзедун

Барои мақоми роҳбарӣ дар ПКХ бар зидди ходимони ПКХ, ки дар мавқеи интернационалистӣ меистоданд, мубориза бурд. Аз соли 1943 раиси КМ ПKX. Солҳои 1954—59 раиси РХХ. Дар охири солҳои 50 ва аввали 60 ба ревизияи марксизм-ленинизм аз мавқеи ғояи буржуазияи майда, миллатчигӣ ва сектантчигии «чап» пардохт, роҳи махсуси сиёсати берунии ПКХ-ро пеш гирифт, ки ба он гегемонизми бузургдавлатӣ, антисоветизм ва ҷудоиандозӣ ба иттиҳоди социалистӣ ва ҳаракати ниҳоии коммунистӣ хос буд. Маоизм аз тарафи аксари партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ сахт маҳкум гардид (виг. Маоизм ).

Соли 1966 бо ташаббуси Мао Цзе Дун дар Хитой ба ном револютсияи маданӣ вусъат ёфт, ки он мамлакатро ба харобӣ ва бесарусомонӣ овард.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …