Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Мануфактура

Мануфактура

МАНУФАКТУРА (аз забони лотинӣ «manufacture», яъне аз «manus» — даст ва «factura» — тайёр кардан), корхонаи капиталистӣ буда, ба тақсимоти меҳнат ва ҳунари дастӣ асос ёфтааст; давраи дуюми тараққиёти саноати капиталистист, ки пеш аз давраи истеҳсолоти мошинӣ ҷой дошт. Мануфактура дар миёнаҳои асри 16 пайдо шуда, то охири асри 18 вуҷуд дошт. Ҷиҳати хоси шакли ибтидоиву оддитарини Мануфактура ин буд, ки меҳнаткашони дар хона коркунандаро капитали тиҷоратӣ истисмор мекард. Зинаи дигари истеҳсолоти мануфактурӣ Мануфактураи марказиятноке буда, он ҷо кортарони кироя кор мекарданд.

Мануфактура

Мануфактура бо ду роҳ пайдо шудааст:

дар корхонаи умумӣ коргарони гуногун ҷамъ омада, ҳамаи раванди тайёр кардани маҳсулотро пай дар ҳам ба ҷо меоваранд;
дар корхона ҳунармандони як касби муайян ҷамъ меомаданд.

Мануфактураи капиталистӣ барои истеҳсолоти калони капиталистӣ замина фароҳам овард, ба тақсимоти минбаъдаи меҳнат сабаб шуд, бисёр корҳои меҳнатталабро сабук гардонд, олоти меҳнатро такмил дод, барои гузапгган ба истеҳсолоти калони мошинӣ кадрҳо тайёр кард. Тақсимоти меҳнат дар шароити истеҳсолоти мануфактурӣ, аз як тараф, ҳосилнокии онро зиёд карда бошад, аз тарафи дигар, коргарро бо як навъи муайяни кор побанд намуда, боиси сахт истисмор шудани он гардид. Мануфактура ба ҷамъ шудани воситаҳои истеҳсолот дар дасти капиталистон мусоидат намуда, боиси хонавайронии оммаи асосии ҳунармандон гардид.

Мануфактура дар Россия нимаи дуюми асри 17 ва аввали асри 19 пайдо шуд. Ҷиҳати хоси Мануфактураи рус ин буд, ки вай дар шароити ҳукмронии муносибатҳои феодалӣ-крепостноӣ ривоҷ меёфт. Аввалин Мануфактураҳо дар он соҳаҳои саноат (намак, арақ ва истеҳсоли спирт) ба вуҷуд омаданд, ки маҳсулоташон дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба таври фаровон фурӯхта мешуданд. Дар ин Мануфактураҳо асосан муносибатҳои капиталистӣ ҷой доштанд. Қисми зиёди Мануфактураҳо бо ёрии фаъолонаи давлат ба вуҷуд омад. То ғалабаи Револютсии Кабири Социалистии Октябр дар шароити иқтисодиёти бисьёрукладаи Россия Мануфактура аҳамияти калон дошт. Мануфактура баъди ғалабаи Револютсияи Октябр барҳам хӯрд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …