Маълумоти охирин

Манту

МАНТУ, як навъи хӯрок. Аз хамир, гӯшти қима, резапиёз, равғани думба, кабудӣ, мурч ва баъзе дорувор тайёр мекунанд Орду намакро омехта, хамирро сахт мешуранд. Баъд онро завола гирифта, тунук мекунанд ва ба порчаҳои тақрибан 10х10 см мебуранд Ба ин порчаҳо қима андохта, манту мебанданд. Онро дар дегдон махсуси мантупазӣ аз 45 дақиқа то 1 соат дар бӯғ мепазанд.

манту
Сурати манту

Барои хушхӯр шуданн Манту ба рӯяш мурчу кабудӣ мепошанд ва аз пиёзу равған қайла тайёр карда, ба болояш мерезанд. Дар баъзе маҳалҳо Мантуро аз каду, айёми баҳор аз кабудӣ — гиёҳҳои муфид низ мепазанд. Манту ба ошхонаи мардуми форс, турк, ва муғулнажод таалуқ дорад.

Манту

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …