Маълумоти охирин
Главная / Илм / Манто Саодат Ҳасан

Манто Саодат Ҳасан

Манто Саодат Ҳасан (11- 5. 1912, Сумбрала, наздики Амритсар — 18.1.1955, Лoҳyp) нависаидаи покистонӣ. Ба забони урду менавишт. Фаъолияти адабиаш бо тарҷумаи драмаи О. Уайлд «Боварӣ ё Нигилистҳо» оғоз ёфтааст. Ин асар, ки ба революционерони рус бахшида шуда буд, бо майлу рағбати ба ғояҳои миллию озодихоҳӣ доштаи Манто мувофиқ афтод Манто тарҷумон ва мураттиби манн « Ҳикояҳои русист. Дар бораи чанде аз нависандагони русу советӣ, аз ҷумла, М. Горкий мақолаҳо таълиф кардааст. Дар бисёр ҳикояҳои Манто таъсири натурализм ҳис карда шавад ҳам, бедтарини онҳо бо услуби реалистӣ таълиф ёфтаанд.

МАНТО Саодат Ҳасан
Сурати Манто Саодат Ҳасан (Аз рост)

Аз асарҳои Манто хусусан маҷмӯаи ҳикояҳои «Гӯшти яхнӣ» (1950), «Дар паси парда» (1953), «Дар боло, дар поён ва дар миёна» (1954), «Духтарони гунаҳкор, падарони гунаҳкор» (1955) ҷолиби диққатанд. Қаҳрамони бисёр ҳикояҳои Манто ҳунармандон, коргарон ва умуман меҳнаткашони шаҳранд. Манто қашшоқӣ ва беҳуқуқии мардуми меҳнатиро нишон дода, воқеияти капиталистиро тақкид кардааст. Тамоюли ҳаҷвӣ дар эҷодиёти Манто пурқувват аст.  Санаи 18-ми январи соли 1955 Манто дар Лoҳyp вафот кардааст.

Оромгоҳи Манто дар Лoҳyp
Оромгоҳи Манто дар Лoҳyp

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …