Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МАНТИЯИ ЗАМИН

МАНТИЯИ ЗАМИН

МАНТИЯИ ЗАМИН, табақаест байни қишр ва ядрои Замин 83% ҳаҷм (ғайр аз атмосфера) ва 67% массаи Заминро фаро мегирад. Бино бар ақидаҳои мавҷуда Мантияи Замин, аз ҳамон элементҳои химиявӣ иборат аст, ки онҳо ҳангоми пайдоиши Замин дар ҳолати сахт буданд ё ба таркиби пайвастҳои сахти химиявӣ дохил мешуданд (аз қабили О, Si, Mg, Fe). Мувофиқи тасаввуроти ҳозира, таркиби Мантияи Замин ба таркиби метеоритҳои сангӣ наздикӣ дорад.

mantiyai-zamin

Аз метеоритҳои сангӣ ба Мантияи Заамин бештар таркиби хондритҳо наздик аст. Мантияро аз қишри Замин сатҳи Мохоровичич ҷудо мекунад, ки дар он суръати мавҷҳои сойсмикии барқад ҳангоми аз қишр ба Мантияи Замин гузаштан якбора аз 6,7—>7,6 то 7,9—8,2 км/сон меафзояд; аз ядрои Замин мантияро сатҳе (дар чуқурии 2900 км) ҷудо мекунад, ки дар он суръати мавҷҳои сейсмикӣ аз 13,6 то 8,1 км/сон кам мешавад. Мантияи Замин ба мантияи поёнӣ ва мантиқи болоӣ ҷудо мешавад. Мантиқи болоӣ дар навбати худ (аз боло ба поён) ба субстрат, қабати Гутенберг (қабати суръатҳои пасти мавҷҳои сейсмикӣ) ва қабати Голицын (онро баъзан мантияи мобайнӣ меноманд) тақсим мешавад Дар поёни Мантияи Замин қабати ғафсиаш то 100 км мавҷуд аст, ки дар он суръати мавҷҳои сейсмикӣ намеафзояд, балки андаке суст мешавад. Аз афташ қишри Замин аз ҳисоби Мантияи Замин ба вуҷуд омадааст; процесса диффренциацияи Мантияи Замин ҳоло ҳам давом дорад

. Тахмин мекунанд, ки ядрои Замин ҳам аз ҳисоби Мантияи Замин калон шуда истодааст. Процессҳои дар қишри Замин ва Мантияи Замин рӯйдиханда бо ҳам знч алоқаманданд; ҳаракатҳои тектоникии қишри Замин шояд аз Мантияи Замин энергия гиранд.

Ад.; Магницкий В. А., Внутреннее строение и физика Земли, М., 1965; Проблемы строения земной коры и верхней мантии. М., 1970.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …