Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Мансурова Муборак Умаровна

Мансурова Муборак Умаровна

МАНСУРОВА Муборак Умаровна
Сурати Муборак Умаровна

МАНСУРОВА Муборак Умаровна (таваллуд 11. 9. 1920, Бухоро), биологи советӣ, доктори илми биология (1973), профессор (1974). Соли 1942, баъди хатми факултети биологияи Университети Осиёи Миёна (Ташкент), дар заводи тухми кирмакбарории Бухоро кор кард. Аа соли 1946 мудири кафедраи кирмакпарварӣ, баъд муаллимаи анатомия ва зоологияи Институти хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон aз соли 1969 мудири кафедраи натомия ва  гистологияи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқи Институти мазкур. Мансурова муаллифи зиёда аз 40 мақолаи илмӣ ва брошюраҳо мебошад, ки ба морфологияи ҳайвонҳои хоҷагии қишлоқ бахпшда шудаанд.

Соли 1973 рисолаи докториро дар мавзӯи «Тағйироти хусусиятҳои анатомию гистологӣ ва химиявию физикии экологи устухонии гӯсфандҳои ҳисорӣ вобаста ба синну сол» ҳимоя кард. Аз соли 1974 инҷниб Мансурова масъалаҳои морфологии гажговҳои Помирро тадқиқ, мекунад. Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Химический состав костной ткани различных пород и классов овец разводимых в Таджикистане, Д., 1980-Возрастные изменения костей тазовой конечности у овец гиссарекой породы. Материалы научно-производствеиной конференции посвященной 10-летию Таджикского научно-исследовательского института ветеринарии, Д., 1971.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …