Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Мансур Абуҷаъфар Абдуллоҳ ибни Муҳаммад

Мансур Абуҷаъфар Абдуллоҳ ибни Муҳаммад

МАНСУР     Абуҷаъфар Абдуллоҳ ибни Муҳаммад (707—775, Бағдод), халифаи дуюм (754—775) аз сулолаи Аббосиён. Баъди бародараш ас-Саффоҳ халифа шуд. Дар мубориза барои тахт бар амакаш Абдуллоҳ ибни Алӣ-ал-Мутолиб ғалаба карда, сарлашкар Абумуслимро кушт. Исьёнҳои алавиён, Муҳаммад мулаққаб ба Нафси Закия дар Мадина, Иброҳим Алӣ Муҳаммад дар Куфа ва шӯриши барбарнҳоро дар шимоли Африка пахш намуд. Бағдодро бино карда, ба он «Доруссалом» ном ниҳод. Дар хилофат ислоҳоти маъмурию молиявӣ гузаронида корҳои маъмурӣ, молиявӣ ва почтаро ба тартиб даровард. Ҳангоми ҳаҷ вафот кардааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …