МАНСУБА

МАНСУБА (ар.  — таъинот, чизе барпо кардашуда, тадбири кор, найранге соз кардан ё фитнае ангехтан), 1) дар шоҳмотбозии моҳирона, тадбири найрангомез. Вазъияти (шакли) ба таври сунъӣ барпо кардашудаи колой (мӯҳраҳои) шатранҷ дар рӯи матъ, ки одатан яке аз тарафҳо (сафедҳо ё сиёҳҳо) бояд супоришеро иҷро кунад (мас., шоҳи ҳарифро мот кунад, ҳамаи колоҳо ё охирин колои боқимондаи ӯро кушад, бозиро коим кунад ва ғ.). Мансубаҳое ҳам ҳастанд, ки аз бозиҳои нодири ғариби олияҳо (гроссмейстерҳо), устодон ва беҳбозон ба миён омадаанд. Хусусияти асосии Мансубаҳо: қувваҳо тақрибан баробаранд, шоҳи сафед бояд ба як бозӣ ноилоҷ мот шавад, вале навбати бозӣ аз ӯст, вай бо киштҳои паёпай ба он як бозӣ имконият намедиҳад ва пас аз чанд бозии моҳиронаи аъло ва зебо ҳарифро мағлуб менамояд. Мансуба аз ҷиҳати шумораи коло се вавъ аст: андакколо, ки камтар аз 10 пора дорад, «миёна, ки аз 10 то 19 пора аст ва бисьёрколо, ки бешгар аз 20 пора коло дорад. Аз ҷиҳати шумораи бозӣ (довҳо) ду навъ аст: андак-бозӣ, ки то 5 дов ба қисм мерасад ва бисьёрбозӣ, ки аз 6 дов бештар аст.

Мансубаҳо ҳам мисли худи шатранҷ, таърихи қадимӣ дошта, бо ин бозии асрорангез ҳамеша ҳамқадам будааст. Маълум нест, ки аввалин Мансубаҳоро кӣ, кай ва дар куҷо оростааст. Дар замони Сосониён (220—642) шатранҷ дар байни табақоти ҷамъият шӯҳрати тамом дошт. Вале дар натиҷаи ҳаводиси носозгори таърих аз Мансубаҳои он рӯзгор ному нишоне боқт намондааст. Қадимитарини Мансубаҳо, ки то замони мо расидаанд, ба асрҳои 8—9 тааллуқ доранд. Дар ин давра шатранҷ дар Машриқзамин, хусусан дар Хуросон ва Мовароуннаҳр, paвнақи тамом дошт, аввалин олияҳо ва Мансубсозони шатранҷ Абдулҳофизи Шатраиҷӣ, Зайроб Катопи Хоразмӣ, Ҷобири Куфӣ, Абулҷаъфари Ансорӣ, Наими Ходим, Абубакр Муҳаммади Сулӣ, Адлӣ буда, бо онҳо дар як вақт адабиёти фаровони доир ба шатранҷ ба миён омад. Дар охири асри 10 Абулфатҳи Сиҷзӣ дар асоси рисолаю китобҳо ва ривоятҳои қадимӣ бо номи «Китоби шатранҷ» асари пурқимат офарид, ки дар он бешгар аз 250 Мансубаҳо оварда шудааст. Арабҳо Мансубаҳоро бо бозии шатранҷ ба Арабистон ва аз он ҷо асри 11 ба Аврупо бурданд ва давраи нави такомули Мансубаҳо оғоз гардид. Осори зиёде ба забонҳои европоӣ ба вучуд омад, ки муҳимтаринашон китоби шоҳи Испания Альфонса X «Мансубаҳо ва қоидаҳои шатранҷ» (1283) аст. Мансубахои он китобҳо аксаран аз осори шатранҷиён ва Мансубҳосозони Шарқ иқтибос гардидаанд ва иддае аз он он бо тақозои замон тағйиру такмил ёфтаанд (колоҳои зиёдатӣ дур, ҷои баъзеи онҳо иваз ва адади бозӣ кам карда, вале зарофат ва латофати Мансубаҳои пештара нигоҳ дошта мешуд). Дар натиҷаи такомули минбаъдаи шатранҷ дар асрҳои 15—16 (дигар шудани тарзи ҳаракати фарзин, фил, пиёда ба вуҷуд омадани қалъагирӣ ва ғ.) Мансубаҳо ҳам хеле такмил ёфт. Аз Мансубаҳо мафҳумҳои ҳозираи масъала (асри 16), этюд (а. 19) ба вуҷуд омаданд.

Яке аз Мансубаҳои қадим ки халқҳои эронинажод, кимоти Дилором ном дорад, бо тасвир ва тафсирҳои гуногун кариб дар ҳамаи мамлакатҳои дуньё машҳур аст. Ҳар халқ онро аз они худ мепиндорад ва мутобиқи зисту зиндагӣ ва урфу одати миллии худ ривояте ҳам дорад. Шакли маъмултари он Мансубаҳо, ки дар бештари китобҳо дида мешавад, ин аст: Гӯё подшоҳе бо шахсе шатранҷ мебохт ба ин шарт, ки агар бибарад, ҳазор динор меситонад ва агар бой диҳад, канизаки соҳибкамоли худ Дилором ва аспи беҳтаринашро, ки низ Дилором номида буд, ба ӯ диҳад. Подшоҳ ба вазъияте афтод, ки қоилон бояд мот шавад. Канизак Дилором, ки бозиро нзаора мекард, ба ин мазмун таронае оғоз кард:

Шоҳо, фараси хеш ба ноком мадеҳ, Сарриштаи худ ба мардуми ом мадеҳ. Хохӣ, ки Дилором зи дастат наравад, Ду pӯҳ бидеҳу аспи Дилором мадеҳ.

Шоҳ зуд аз матлаб пай бурда, ду рӯҳ бидоду бозиро бурд ва ҳазор динор биситонд. Ҳалли ин М: 1. Ph8+4- Ш : h8 2. Фл(5 + 111*8 3. РЬ8 + Ш : Ь8 4. g7 + IIIg8 5. Ah6X. (Фил дар он замон се хона мерафт ва аз болои муҳра меҷаҳид). Ин Мансубаҳо бо мурури замон дар асари тағйирот назар ба шакли қадимии худ хеле содда шудааст.

Ҳамагӣ то замони мо 700 Мансубаҳо омада расидааст, ки онҳо аз маҳората баланд, ҳисоби дақиқ ва дониши амиқи Мансубҳосозон дарак медиҳанд ва бо асбоию нафосат, зарофату аҷобати худ ба хонанда завқу ҳаловати эстетикӣ мебахшанд. 2) Номи бозии ҳафтуми нард.

Ад.: Гижиции Е , С шахматами через вена и страны, Варшава, 1964, Мях. Юдович, Рассказы о шахматах, М., 1959; Коллектив, Шахматы, М., I960; Линдер И. М., У истоков шахматной культуры, М., 1967.

И. Раҳматов.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …