Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Мансабпарастӣ

Мансабпарастӣ

МАНСАБПАРАСТӢ – ин сифати манфии ахлоқӣ, рафтор ва фаъолияти хилофи ҷамъиятие, ки ба шӯҳрат ва тамаъкорӣ равона шудааст. Ба забони руссӣ калимаи Мансабпарастиро чун «Властолюбец» ё «Карьерист» ва ба забони англисӣ «Ambitious» мегӯянд.  Мансабпарастӣ яке аз шаклҳои худбинӣ буда, аксараи дар зери ниқоби садоқат ва тайёр будан ба иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ зуҳур меёбад. Мансабпараст иҷрои вазифаҳои ҷамъиятиро бо мақсади беҳтар намудани мавқеи шахсии худ истифода мебарад. Мансабпарастӣ таърихан хоси ҷамъияти антагонистист, вале дар шароити социализм низ зуҳур меёбад.

Мансабпарастӣ

Заминаи Мансабпарастиро мавҷудияти тафовутҳои иҷтимоӣ ва унсурҳои ҷамъиятӣ гузашта ташкил медиҳанд. Мансабпараст ба комёбиҳои коллектив баҳои ҳаққонӣ дода наметавонад ва мекӯшад, ки муваффақиятҳои онро ба худаш нисбат диҳад ва манфиатҳои шахсиашро аз манфиати коллектив боло гузорад. Вай бо андак муваффақият мағрур гашта, рафтори худро аз нуқтаи назари танқидӣ намесанҷад ва аз ин рӯ аз талабҳои ҳаёт қафо монда, ба пешравии коллектив халал мерасонад. Мансабпарастӣ мутакаббирӣ, мағрурӣ, худписандӣ ва худситоӣ барин сифатҳои ба ахлоқу одоби коммунистӣ бегонаро ифода мекунад.

Ба мансабпарастӣ бемасъулиятӣ, ба назар нагирифтани манфиати кор, бепарвоӣ оқибат ба тақдири одамон низ хос аст. Давраҳои шӯъравӣ ба муқоблли зуҳуроти Мансабпарастӣ муборизаи қатъӣ бурда, онро маҳкум мекунанд. Баланд бардоштани дараҷаи фаъолияти меҳнатӣ ва шуурнокии оммаҳoи меҳнаткаш ва назорати қатъии ҷамъиятӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти Ҷамъиятӣ омилҳои муҳими бартараф намудани мансабпарастӣ мебошанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …