Маълумоти охирин
Главная / Биология / Манқагӣ

Манқагӣ

МАНҚАГӢ, бемории сироятии одам ва ҳайвонот аст. Барангезандаи Манқагӣ бактерияҳои Actinobacillus mallei мебошанд. Манбаи сироят ҳайвоноти хонагии касал аст.

bemorii_manqa_poi_govОдам дар сурати ба ҷои осебдидаи пӯст ва пардаҳои луобии узвҳои ҳозима роҳ ёфтани бактерияҳо сироят меёбад. Бактерияҳо бо хун ба тамоми организм паҳн шуда, иллати фасодноки узвҳои гуногунро ба вуҷуд меоранд. Давраи инкубациoнӣ 1—5 шаборӯз. Манқагӣ бо табларза, дарди мушак ва банду буғумҳо cap шуда, сипас дар пӯст хусусан пӯсти рӯй ва узвҳои дарунӣ обилачаҳои фасоднок пайдо мегарданд. Аз бинӣ фасод ва луоби хунолуд меояд.

Манқагии ҳайвонҳо бештар музмин буда, дар шуш, пӯст, роҳҳои луобии нафас гиреҳчаҳои махсус инкишоф меёбанд. Ба Манқагӣ бисёртар асп, хар, хачир, зебра, баъзан шер, паланг, бабр ва ғайра гирифтор мешаванд. Пешгирӣ ва чораҳои мубориза: аспҳоро пеш аз ба ҷои дигар бурдан тафтиш мекунанд. Аспҳои нав ба хоҷагӣ омадаро як моҳ ҷудо нигоҳ медоранд. Одатан ҳамаи аспҳоро соле ду маротиба аз назар мегузаронанд.

Дар байни мардум “Манқагӣ” маънои дигар низ дорад (Rhinolalia). Яъне шахси ба бемории Манқагӣ гирифторшуда овозаш пасту фунгӣ мешавад ва чунин одмаонро Манқа ё Фунгӣ мегӯянд. Ассосан одами Манқа аз биниаш об рафта, ҳарорати баданаш баланд мешавад, ки сабабаш асосан аз шамол хурдан ва ё хунук хурдан мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …