Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАНОРАИ ВОБКАНД

МАНОРАИ ВОБКАНД

МАНОРАИ ВОБКАНД, ёдгории меъморн дар деҳаи Вобканди вилояти Бухоро (асри 12). Бо фармоиши ҳокими ҳамон давр Бурҳониддин Абдулазизи II сохта шудааст. Манораи Вобканд аз хишти пухта бино ёфта, дар назди масҷиде (масҷид то замони мо нарасидааст) воқеъ будааст. Баландии манора 40,3 м, диаметри асосаш 6,19 м, диаметри болояш — 2,81 м.

vobkant-manoraНақшҳои мураккаб ва рангубори назаррабо ба манора шукӯҳу салобати хос бахшидааст. Манораи Вобканд аз ҷумлаи манорахон зебои Осиёи Миёна ба шумор меравад. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат  аст.

Т. Муҳиддинов

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …