Маълумоти охирин
manora

Манора

МАНОРА – калимаи арабӣ буда маънояш  манбаи пур ё чароғдон аст. Манораро ба забони русӣ «Башня» ва ба забони англисӣ «Tower» меноманд ва он дар ду шакл тақсим мешавад:

manora

1) гулдаста 6 бинои бурҷмонанд, ки асосан дар пеш ва шафати масҷиду мадрасаҳо ё дар дохили ҳавлии онҳо барои азонгуӣ сохта мешуданд. Аз ин рӯ, баъзан онро маъзана мегӯянд. Манораҳо сараввал аз берун зина 9 пағнаи морпеч дошта, баъдҳо онро дар дохили Манора месохта 500—400-гӣ шуданд. Манорҳо ба сифатп ҷои дидбонӣ ва нишони роҳ низ истифода мешуданд. Манораро асосан аз хишт, санг ва баъзан чӯб месохганд. Манорасозӣ бештар дар мамлакатҳои Шарқӣ мусулмонӣ маъмул буд. Манораҳо аз рӯи сохт мудаввар, рерқирра ва чоркунҷа мешаванд. Манораҳои Миср, Ироқ, Эрон, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Миёна асосан мудаввар ё бисёрпаҳлӯ буда, бо лавҳаҳои кандакорӣ, қошӣ ва қафасаҳои нақшин оро до­да мешуданд. Манораҳои чоркунҷа хоси меъмории Сурия ва мамлакатҳои Африкаи Шимолист. Дар аксари Манораҳои Эрон, Ҳиндустон, мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна катибаҳо низ сабт меёфтанд.

2) Иншооти баланде, ки озод меистад. Устувории Манораро конструкцияи асосӣ он (бе бандакҳо) муайян мекунад. Манораҳои замонавиро аз пӯлод, чӯб, оҳанубетон, санг (Манораҳои телевизион, радиоманораҳо, Манораҳои обфишор, Манораҳои силосҳобонӣ ва ғ.) месозанд. Конструкцияи сутуни Манора одатан аз системаи фазаии милаҳо (гирди, секунҷа, росткунҷа, квадратӣ, бисёркунҷа) иборат аст. Ба Манора асосан омилҳои метеорологӣ (шамол, гармову сармо ва ғ.) таъсир меку­нанд.

Манораи Эйфел
Сурати Манораи Эйфел

Манораҳоро аз рӯи қоидаҳои уму­мии механикаи бинокорӣ месозанд: пеш аз сохтани Манора мустаҳкамӣ, устуворӣ ва деформацияшавии онро аз ҷиҳати статикӣ ва динамикӣ ҳисоб мекунанд. «Манораи афтанда» дар Пиза (Италия 1174-1372, баландиаш 56 м), силсилаи манораҳои Кремли Москва (асрҳои 15-17) манораи Эйфел дар Париж (1889, баландиаш қариб 300 м), манораи маркази телевизионии Москва (манораи Останкино, 1961-68, баландиаш 536м) машҳуртарин ин гуна манораҳо мебошанд.

Адабиёт: Абрамов Н. Я., Водоснабжение, М., 1974.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …